Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон аз пешниҳоди Тоҷикистон нороҳат аст


Нино Бурҷанадзе, раиси порлумони Гурҷистон пешниҳоди Тоҷикистонро ба пур кардани ҷои майи гурҷӣ дар бозори Русия бо майи тавлиди Тоҷикистон мавриди танқид қарор дод. Вай гуфт, ин пешниҳод дар ҳоле садо додааст, ки тасмими Русия дар мавриди моли Гурҷистон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Бурҷанадзе гуфтааст, "мефаҳмад, ки ҳар кишвар мехоҳад, моли худро дар бозор пеш барорад ва аз манфиатҳои худ ҳимоят кунад, аммо набояд ин кор аз ҳисоби дигарон ба амал ояд."
Вай пешниҳоди Тоҷикистонро "беҷо" номида, гуфтааст, ҳамчун узви Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд Тоҷикистон бояд сабаби манъи Русияро дарк намояд ва ҳамаи кишварҳои узв бояд коршоямии ин иттиҳодро баррасӣ кунанд. Қарор аст Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон дар ин робита ба Тоҷикистон эътирози расмӣ баён кунад. Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дирӯз гуфта буд, кишвараш метавонад, холигоҳеро дар бозори Русия, ки аз манъи фурӯши майи гурҷӣ ва молдовӣ ба амал омадааст, пур кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG