Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишҳои Саймур Ҳерш


1

Мақолаи журналисти саршиноси амрикоӣ Саймур Ҳерш тақрибан нишон медиҳад, ки Вашингтон ба ҷанги зидди Эрон омода шудааст. Ҳерш менависад, дастгоҳи президент Буш дар ҳоле ки аз зарурати ҳалли дипломатии бӯҳрони ҳаставии Эрон шиор медиҳад, дар асл харитаи зарбаҳои ҳавоӣ ба Эронро зери даст дорад ва гурӯҳҳои махфии ҳарбии Амрико вориди қаламрави Эрон шудаанд. Ҳерш дар вақташ ҳамла ба Ироқро низ пешгӯӣ карда, аввалин касе буд, ки тафсилоти маҳбаси Абу Ғурайбро ошкор намуд ва навиштаи ахири ӯ бар пояи сӯҳбатҳояш бо ҳарбиён ва сиёсатмадорони олимақоми Амрико таҳия шудааст. Вай менависад, дар миёни ҳарбиёни Амрико ва дар зеҳни ҷомеаи байнулмилал то рафт ин ақида ҷойи бештар мегирад, ки мақсади асосии президент Буш дар бӯҳрони ҳаставии Эрон барканории режими имрӯзаи Ҷумҳурии исломист. Вале аз сӯи дигар Эрон натавонистааст, исбот кунад, ки барномаи он сулҳомез аст.

2

Мудири Бунёди имдоди Карнегӣ ба сулҳи байнулмилал дар масъалаи мухолифат ба густариши силоҳи ҳаставӣ Ҷозеф Сиринсён мегӯяд, агар кӯшишҳои дипломатӣ натиҷа надиҳанд ва Эрон соҳиби силоҳи ҳаставӣ шавад, як ташаннуҷи минтақавӣ ва ҷанги ҳаставӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Аммо посухи кӯтоҳ манзараро рӯшан намекунад ва ҷаноби Сиринсиён мафзояд, ягон кишвари ҷаҳон, ба истиснои Иёлоти Муттаҳида дар давоми Ҷанги ҷаҳонии дуюм, ҳаргиз силоҳи ҳаставиро ба ин мақсад ба даст наёвардааст, ки аз он истифода кунад, балки бо мақсади таҳкими амният ва баланд бурдани эътибори худ даст ба ин амал задааст. Ва ягон кишвар силоҳи ҳаставииро ба гурӯҳе надодааст, ки аз назорати он берун бошад, зеро ин ба амнияти худи он давлат низ таъсир дорад. Биноан ба гуфтаи Сиринсён даргумон аст, ки Эрон ягон вақт фанноварии силоҳи ҳаставиро ба террористон бидиҳад. Ончи камтар қобили пешбинист, мегӯяд Сиринсён, вокуниши Арабистони Саъудӣ ва Туркия ба Эрони ҳаставӣ хоҳад буд. Сиринсён мегӯяд:
"Рақибони араби суннии Эрон ба Эрон иҷоза нахоҳанд дод, бо истифода аз силоҳи ҳаставӣ ё ҳаракат ба самти дастёфт ба он бартарии низомӣ, дипломатӣ ва сиёсӣ касб кунад. Агар ошкор шавад, ки Эрон соҳиби чунин силоҳ аст ва чунин барнома дорад, вокуниши онҳо ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд. Кишварҳои дигар низ ба бознигарии имкониятҳои ҳаставии худ хоҳанд пардохт."

3

Бо дарназардошти бисёр масъалаҳои ҳалнашуда ва ҳасоси сиёсӣ, марзӣ ва қавмӣ дар минтақа, Сиринсён пешгӯӣ мекунад, ки ҳама гуна ихтилоф ба зудӣ вориди марҳилаи низоъи ҳаставӣ мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки Саъудия аз Покистон бомбаи ҳаставӣ харидорӣ кунад. Афзоиши кишварҳои дорои силоҳи ҳаставӣ дар ҷаҳон дар ниҳояти амр ба фурӯпошии Созишномаи адами густариши силоҳи ҳаставӣ сабаб мегардад.
Аз нигоҳи Сиринсён ҳамлаи густардаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ба иншооти ҳаставии Эрон дар чанд моҳи оянда як сенарио ё таҳаввули дигари бадтарин хоҳад буд.
Вай мегӯяд, ба ҳамаи барномаҳои ҳамсон мухолиф аст ва бесабаб нест, ки мақомоти Бритониё низ ба барномаи ҷанг зид мебошанд. Ва сабаб он нест, ки нирӯ намерасад ё имкониятҳо маҳдуданд. Амалан чунин ҳамлаҳо, аз ҷумла ба таъсисоти ҳаставӣ дар Исфаҳон, ба назари Сиринсён, метавонанд, барномаи ҳаставии Эронро барои муддатҳои дароз баҳам зананд, аммо мушкил дар он аст, ки баъдаш чӣ иттифоқ хоҳад афтод:
"Эрон шаш ё ҳафт посухи имконпазир хоҳад дод, ки ҳар кадоми он барои амнияти минтақа ва ҷаҳон харобиовар хоҳад буд. Эрон метавонад ба Амрико зарбаи ҷавобии мусаллаҳона занад. Мустақиман ва ё дар Ироқ. Метавонад ба шарикони Амрико, монанди Исроил зарба занад. Ин имконпазир аст, аммо ба эҳтимоли кам. Онҳо метавонанд бо нирӯҳои дарёӣ гурӯгоҳи Ҳурмузро бубанданд. Онҳо метавонанд, аз фурӯши нафт даст кашанд, метавонанд, бо истифода аз робитаашон бо Ҳизбуллоҳ, ки саховатмандона ба он мадади молӣ мерасонанд, бар зидди манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ҳамлаҳои террористӣ сар кунанд."
Сиринсён илова кард, ки Эрон инчунин метавонад, ба шарикони шиъаи худ дар Ироқ муроҷиат кунад, то манфиатҳои Амрикоро ҳадаф қарор диҳанд ва ё аз ҳукумати таҳти сарварии шиъаҳо дархост кунад, ки хуруҷи Иёлоти Муттаҳидаро аз Ироқ талаб намояд.

4

Дар ҳоли ҳозир, мегӯяд, Сиринсён, имкониятҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз хеле зиёданд:
"Агар дар ҳақиқат мақсади Иёлоти Муттаҳида қатъи барномаи ҳаставии Эрон аст, бо роҳҳои зиёде мешавад, ба ин даст ёфт. Аз ҷумла бо роҳи созиш бо режими мавҷудаи Эрон ва гуфтушунид бо он ба гунае ки бо Либиё сурат гирифт. Тазмини амнияти ин режми дар ивази қатъи фаъолиятҳои ҳаставӣ. Аммо агар мақсад тағйири режим аст, шумо гуфтушунид карда наметавонед ва ба думболи созиш нахоҳед гашт."
Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ як бартарӣ доранд, ки ин замон аст. Мақомоти иктишофии Амрико ҳадс мезананд, ки барои дастёфти Эрон ба тавонмандии ғанигардонии ураниюм аз 5 то 10 соли дигар даркор аст. Сиринсён:
"Дар гузориши хадамоти миллии кашфи Амрико дар мавриди Эрон, ки Вашингтон поуст моҳи августи соли 2005 чоп кард, гуфта мешавад, Эрон 5-10 соли дигар кор дорад. Ва ҳамагӣ ду моҳ пеш, мудири Хадамоти милли кашфи Амрико Ҷон Негропонте дар баёноташ ба Конгресс гуфт, Эрон нахоҳад тавонист то соли 2015 соҳиби силоҳи ҳаставӣ шуд. Вай ҳатто мӯҳлати боз ҳам дарозтареро ном бурд."

5

Сиринсён мегӯяд, барномаи ҳаставии Эрон масъалаи таъхирнопазир нест ва биноан тавсия додааст, ки нақшаҳои ҳарбӣ аз рӯйи миз бардошта шаванд. Вай гуфт, маълумоти ҷосусӣ дар бораи ин барнома бояд на танҳо аз тарафи сиёсатмадорон, балки бештар аз тарафи коршиносон баррасӣ шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG