Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвари Тоҷикистон бо рафти соҳилбандӣ дар рӯдхонаи Панҷ ошно шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷараёни таҳкими соҳилҳои рӯдхонаи Панҷ ва рафъи паёмадҳои обхезии соли гузашта дар ноҳияи ба номи Ҳамадонӣ дидан кард. Дар ин сафари ӯ маълум гашт, бо вуҷуди он ки бозсохту таҳкими 21 километр аз соҳили Панҷ, ки дар офати табиӣ вайрон шуда буд, бомуваффақият идома дорад, дар иҷрои нақша наздик ба се ҳазор коргар намерасад. Ҳамаи масъалаҳои дигар, ба монанди тарҳрезии сохтмон, таъмин бо масолеҳ, таҷҳизоти техникӣ ва сармоягузорӣ ҳал шуда, камбуди нирӯи кор ба суръати иҷрои барнома латма задааст. Барои сохтани соҳили мустаҳкам ва ба сел тобовар ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 11 миллион сомонӣ тахсис додааст.
Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин бо зарардидагони обхезии тобистони гузашта ҳамсӯҳбат шуда, аз вазъи имрӯзаи онҳо хабар гирифт. Дар ин офат зиёда аз 2 ҳазор нафар бесарпаноҳ монда, даҳҳо иншооти муҳим ва зербиноӣ аз байн рафта буд. Биноан 1519 хонавода ба ҷои дигар кӯчонида шуда, барои 136 хонавода манзил сохта шуд ва ба ҳамин теъдоди дигар барои сохтмони манзил замин дода шудааст.
XS
SM
MD
LG