Пайвандҳои дастрасӣ

РусАл созиши марбут ба садди Роғунро рад кард


Ширкати «Русал» интишори ин хабарро, ки ширкати мазкур бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди чигунагии садди ояндаи обанбори нерӯгоҳи оби барқии Роғун ба тавофуқ расидааст, рад намуд. Хабари тавофуқ дар мавриди навъи садди обанбори Роғун ва сатҳи баландии он, баъд аз он паҳн гардид, ки Олег Дерипаска, раиси ширкати «Русал» ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе сохтмони нерӯгоҳи оби барқии Роғунро мавриди гуфтугӯ қарор додаанд.
Баъд аз ин, бархе аз расонаҳо иттилоъ додаанд, ки «Русал» ва вазорати энержии Тоҷикистон дар мавриди навъи садди обанбори Роғун ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёфтанд. Аммо Александр Касаткин, сухангӯи намояндагии ширкати "Русал" дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯъи садди обанбори Роғун дар он мулоқот матраҳ набудааст: «Амалан, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Олег Дерипаска наметавонанд, дар мавриди сатҳи баландӣ ва чигунагии садди обанбори Роғун тасмим бигиранд. Зеро ин як масъалаи фаннист ва он ба тасмимгирии сирф муҳандисӣ вобаста аст. Тасмими муҳандисӣ бошад, танҳо баъд аз анҷоми арзёбии ниҳоии фанниву муҳандисӣ гирифта мешавад ва айни замон, ба ин кор ширкати олмонии «Ламайер» машғул аст»
Алесандр Касаткин, афзуд, ҳафтаи гузашта тарҳи қаблии арзёбӣ тавассути ширкати олмонии «Ламайер» ҷиҳати баррасӣ ба вазорати энержии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҷониби Тоҷикистон хостори он аст, ки садди обанбори Роғун аз гилу санг бунёд гардад ва сатҳи баландии он бояд на кам аз 330 метр бошад. Аммо "Русал" ба ин пешниҳод мувофиқ нест ва мегӯяд, ки садди обанбори Роғун комилан аз бетон сохта шавад ва баландии садди мавриди назар низ бояд аз 330 метр ба маротиб поёнтар бошад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG