Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши нокофии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ


Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо гуфтааст, агарчӣ Осиёи Марказӣ ҳамчунон минтақаи дорои аҳамияти чашмгири стратегӣ маҳсуб мешавад, аммо Иттиҳодияи Аврупо барои рушди он, ки вазъи иқтисоду иҷтимоиаш бадтар ва озодиҳои сиёсӣ дар он камтар мешавад, кори зиёде намекунад.

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо мегӯяд, тавваҷӯҳи кам ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Иттиҳодияи Аврупо низ оқибатҳои нохуб хоҳад дошт, чаро ки ноамнии ҷиддиву давомдор паёмадҳои харобиоваре барои минтақа хоҳад дошт, бахусус барои Ӯзбакистон, ки хонаи 25 миллион нафар аст.

Марзҳои дуруст аломатгузоринашуда ва камҳифозат имкон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ онҳоро ба осонӣ убур кунанд ва нооромӣ дар як кишвари Осиёи Марказӣ сели муҳоҷиронро ба кишварҳои ҳамсоя равон мекунад ва барои иқтисоди тамоми кишварҳои минтақа таъсир мегузорад.

Ноамнӣ ва авзоъи нохуби башарӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳар роҳ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо таъсири худро мегузорад, ва тавре таҷрибаҳои ахир нишон доданд, Аврупо яке аз маҳалҳои паноҳандагони эҳтимолӣ аз ин минтақа хоҳад буд. Чизи дигар аҳамияти бузурги Осиёи Марказӣ барои амнияти энержии Иттиҳодияи Аврупо унвон шудааст.

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия додааст, то ба гуфтаи созмон аз сиёсати номуввафақ ва аз ҷумла аз иҷрои барномаҳои куллӣ дар минтақа даст кашад ва бо назардошти ҳар кишвари минтақа дар он ҷо сиёсати худро пеш бубарад.

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо дар гузориши хеш, Тоҷикистонро зоҳиран яке аз кишварҳои босуботи минтақа хонда, вале гуфтааст, оқибатҳои дардноки ҷанги дохилӣ дар он ҳанӯз ҳам дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ эҳсос мешавад. Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, ки Тоҷикистон сахт побанди кӯмакҳои муҳоҷирони корӣ аст, аз сӯи дигар фасодкории густурда дар кишвар мушоҳида мешавад ва қочоқи маводи мухаддир мушкилест дигар.
Ба гуфтаи созмон, набояд боитминон буд, ки суботи феълӣ дар Тоҷикистон идома мекунад, чаро ки насли нави кишвар хотираҳои каме аз ҷангҳои дохилӣ дорад ва зоҳиран камбизоатӣ дар кишвар ва худкомагии ҳукуматро таҳаммул намекунад.

Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия додааст, ки ба хотири амиқтар кардани нақшаш дар Осиёи Марказӣ намояндаҳои худро дар минтақа бештар кунад, дар Тоҷикистон сафири худро таъйин намояд ва барои рушди минтақа маблағи бештар сарф кунад.

Аз тавсияҳои дигари ин созмон ташвиқи тавсиаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамоиши Осиёи Марказӣ аст. Ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, кӯмак дар роҳи мубориза бо фасодкорӣ, тармими роҳҳои миёни Тоҷикистону, Қирғизистон ва Қазоқистону Афғонистон, кӯмак барои беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ дар минтақа аз масоили дигарест, ки Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Бӯҳронҳо аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, дар он самт бештар фаъолият кунад.
XS
SM
MD
LG