Пайвандҳои дастрасӣ

Хатари сарбандҳои ноустувор дар Осиёи Марказӣ


Ду кумиссиюни Созмони Милали Муттаҳид аз бими тахриби эҳтимолии иддае аз сарбандҳои обанборҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақвияти амнияти онҳо ба иҷрои ду тарҳ шурӯъ кардаанд. Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан 300 обанборҳои хурду бузург вуҷуд доранд, ки сарбандҳои онҳо солҳо пеш бунёд шудаанд ва барои тақвияти онҳо кори кофиву муносиб анҷом намегирад. Ин сарбандҳои ноустувор дар дарёҳое бунёд шудаанд, ки дар ҳошияҳои онҳо шумораи зиёди одамон сукунат доранд.
Як намояндаи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Михаил Кокин гуфтааст: "Масалан дар водии Фарғона, ки дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон доман густардааст, 9 миллион нафар ба сар мебаранд ва дар сурати вуқӯъи ягон ҳодиса бо сарбанд, паёмадҳои он ваҳташбор хоҳад буд."
Ба хотири пешгирӣ аз вуқӯъи фалокат Кумиссиюни Иқтисодии СММ барои Аврупо ва Кумиссиюни иқтисодии СММ барои Осиё ва кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ором ду тарҳеро амалӣ хоҳанд кард, ки яке аз онҳо фароҳам кардани заминаҳои қонунӣ барои истифодаи бехатари обанборҳост ва дигарӣ бунёди системи ҳушдори хатар аз фалокатҳо дар ҳамин иншоот.
Ҳар ду комиссия аз шурӯъи ин тарҳҳо дар нишасти коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ эълон карданд, ки он имрӯз 11 апрел дар шаҳри Алмаато анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG