Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Ҳоуглэнд: "Тоҷикистон имкониятҳои хуб дорад."


Мусоҳабаи Холиқи Сангин

Радиои Озодӣ: «Дар ибтидо назари сафирро доир ба вазъи соҳибкорӣ ва тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон мехоҳем бифаҳмем?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Ба назари ман торафт шароит барои фаъолияти тиҷорати хурду миёна ва дар маҷмӯъ бахши хусусӣ дар Тоҷикистон беҳбуд меёбад. Аз ҷумла, вазъи бонкдорӣ ва бахши сармоягузорӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо чанд соли пешин хело беҳтар шудааст. Шоҳиди онем, ки барои таъмини фаъолияти муассири бахши хусусӣ, бахусус, соҳибкорӣ қонуну муқаррароти нав қабул мегардад. Ҳамчунин ба назар мерасад, ки намудҳои нав ба нави соҳибкорӣ роҳ меафтанд ва ширкату корхонаҳои тоза фаъол мегарданд. Албатта, дар ин масир ҳанӯз роҳи тӯлонӣ дар пеш аст, вале дар маҷмӯъ нишонаҳои умедворкунандае дида мешавад, ки ин раванд дар оянда ҳам дар Тоҷикистон муваффақона пайгирӣ мешавад».

Радиои Озодӣ: «Ҷаноби сафир, бисёр коршиносон эҳёи иқтисодии Тоҷикистонро умдатан дар 10 соли оянда ба сармоягузории Русия марбут медонанд. Ва аммо чаро дар ин самт ҳузури иқтисодии Амрико дар Тоҷикистон ва умуман минтақа камранг аст?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Ин андеша, ки Амрико аз лиҳози иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва умуман дар минтақа фаъол нест, нодуруст аст. Бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир, кишвари ман тадоруки сармоягузорӣ дар 6 соҳаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла мухобирот, нақлиёт, энержӣ, истихроҷи маъодин, кишоварзӣ ва тавлиди барқро дорад. Вале як чизро бояд дар назар дошт, ки ИМА ниҳодҳои вобастаи иқтисодӣ дар ихтиёр надорад, ки ба онҳо дастури сармоягузорӣ дар хориҷ аз кишварро диҳад. Агар рӯшантар бигӯем, мо «Газпром», РАО ЕЭС ва «Русал»-и худро надорем. Баръакси ин, мо дар бахши хусусӣ ниҳодҳои бешумори ғайридавлатӣ дорем, вале мо бо мулоҳизоти сиёсӣ ба онҳо наметавонем, бигӯем, ки шумо барои мисол дар ин ё он бахш сармоягузорӣ намоед. Ин нуктаи хеле муҳим аст. Вале ман бовар дорам, ки сармоягузорони амрикоӣ ба ин ҷо меоянд ва ҳузури онҳо дар Тоҷикистон тӯлонӣ хоҳад буд. Зеро беҳбуди шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамакнун ба мушоҳида мерасад, сармоягузорону тоҷирони амрикоиро ба ин кор ҳатман ташвиқ хоҳад намуд».

Радиои Озодӣ: «Ба назари шумо, Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ба кадом пешрафтҳо ноил шудааст ва дар оянда чӣ бояд кард, то ислоҳоти шурӯъ ёфта натоиҷи беҳтар ба бор орад?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар амри анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ дастовардҳои муайянеро ноил шудааст. Фикр мекунам, дастоварди аз ҳама муҳими он дар ин самт ин анҷоми ислоҳоти низоми бонкдорӣ аст. Қабули Қонуни нави молиётро, ки аз моҳи январи соли 2005 мавриди иҷро қарор гирифтааст, метавон, комёбии дигари Тоҷикистон дар ин роҳ номид. Ва аммо барои таъмиқ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ бояд чӣ кор кард? Фикр мекунам, дар қадами аввал зарур аст, то раванди таҳияи қонунҳои нав идома ёбад. Вале муҳимтар он аст, ки иҷрои шаффофу одилонаи қонунҳои ба тасвиб расида ҳам барои дар баробари сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам нисбат ба сармоягузорони тоҷик бояд аз сӯи давлат тазмин шавад».

Радиои Озодӣ: «Бисёре аз коршиносон иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиро дар шароити феълӣ ҷоиз намебинанд ва баръакс, ба иҷрои тарҳҳои кӯчаку мутавассит таъкид менамоянд. Шумо дар ин робита чӣ назар доред?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Иҷрои ҳам тарҳҳои калонҳаҷм ва тарҳҳои кӯчаку мутавассит фикр мекунам, барои Тоҷикистон зарур аст. Биёед, як нигоҳи иҷмолӣ ба таърихи асри 19-и Амрико бияндозем. Мо дар ин давра афроди сарватманди зиёде доштем, сарватмандоне, ки роҳҳои оҳан, корхонаҳои бузурги оҳангудозӣ бунёд намуданд ва ба рушди ин бахшҳо асос гузоштаанд. Ҳамин афрод дар Амрико даҳҳо таъсисоти бузурги бунёдиро дар бахшҳои мухталифи иқтисоду саноъат поягузорӣ намудаанд. Вале ҳамзамон бо ин, мо ҳазорон тоҷири хурду миёна доштем,ки фаъолияти соҳибкории онҳо тамоми шаҳру рустоҳои Амрикои ҳамон вақтаро фаро мегирифт. Ба шумули падарбузурги худи ман, ки соҳиби фурӯшгоҳи хурди баққолӣ буд. Барои ҳамин, мо мегӯем, иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиву саноъатӣ барои Тоҷикистон лозим аст ва ҳамзамон, бояд, бахши соҳибкорӣ ва тиҷорати хурду миёна дар ин кишвар рушд ёбад».

Радиои Озодӣ: «Мехоҳам, назари ҷаноби сафирро дар робита ба таъсиси маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон бифаҳмам?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Идеяи таъсиси маркази воҳиди коммутатсионӣ, ки ҳадафаш назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои интернетиву мухобиротист, як идеяи бисёр бад аст. Ин фикри шахсии ман нест, онро ҳам коршиносони тоҷик ва ҳам коршиносони хориҷӣ мегӯянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, беҳтарин коре, ки мешавад кард, ба фикри ман ин аст, ки бояд соҳибкорӣ ва тиҷорат ғайримутамарказ гардонида шавад. Албатта дуруст аст, ки дар ин миён ҳукумат бояд нақши танзимкунандаи худро дошта бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳукумат бояд пурра фаъолияти тамоми ниҳодҳои ғайри давлатиро назорат намояд. Ман тасмими Вазорати мухобироти Тоҷикистон барои ташкили маркази ягонаи коммутатсиониро як навъ кӯшиши ташдиди назорат аз болои ширкатҳои мухобиротӣ меҳисобам. Гузашта аз ин, ҳеҷ кишвареро наметавон суроғ дошт, ки дар фаъолияти мухобиротии он аз чунин модел ва ё намуна кор гирифта шуда бошад. Ибтидо дар Русия ва Узбакистон мехостанд, барои ҷорӣ намудани назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои интернетӣ марказҳои ягонаи нозир таъсис бидиҳанд. Аммо билохира ба ин натиҷа расиданд, ки ташкили чунин марказ ба рушди соҳаи мухобирот мусоидат намекунад ва гузашта аз он, боиси пеш омадани мушкилоти зиёд дар ин соҳа мегардад. Феълан, соҳаи мухобирот яке аз соҳаҳои хеле қавии бахши хусусии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ва ман самимиона умедворам, ки ҳукумати Тоҷикистон коре намекунад, ки боиси бор омадани зиён ба ин соҳа гардад».

Радиои Озодӣ: «Фикр мекунед, ки таъини раҳбари нав дар ширкати ҳавоии Тоҷикистон фаъолияти ин ширкатро беҳбуд бахшидааст?»

Ричард Ҳоуглэнд: «Ягона чизе, ки дар пайи тағйир ёфтани раҳбарияти ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон мушоҳида менамоям, ин аст, ки рӯйпӯши болои курсиҳои солуни ҳавопаймоҳои ин ширкат нав шудааст. Вале агар бо сароҳат бигӯем, фаъолияти ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон воқеан, имрӯз ба кӯмак ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Албатта, намунаҳои зиёде ҳаст, ки барои ислоҳи вазъ метавон аз онҳо кор гирифт, ҳоло ман наметавонам, модел ё намунаи мушаххасеро барои мисол тавсия диҳам. Вале як моделро метавон дар ин робита зикр намуд. Истифодаи ин модел зоҳиран муфид будани худро дар Осиёи Марказӣ нишон додааст. Ва он бо номи ширкати ҳавоии Остонаи Қазоқистон пайванд мехӯрад. Як сабаби аслии фаъолияти муваффақи ширкати ҳавоии Остона дар он аст, ки ин ширкат шарики хориҷӣ дорад ва мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба муштариён хизмат мерасонад. Метавон дар ин замина ҳамчунин фаъолияти ширкати ҳавоии Арманистонро зикр кард. Дар Арманистон ширкати миллии ҳавонавардиро аз таркиби фурӯдгоҳ ҷудо сохтаанд. Худи фурӯдгоҳ ва таъсисоти марбут ба он ғайридавлатӣ гардонида шуда соҳиби он бахши хусусӣ мебошад. Албатта ман на чун коршиноси ин соҳа сӯҳбат мекунам, вале сарфи назар аз ин, як чизро аниқ гуфта метавонам, ки фаъолияти кунунии ширкати ҳавоии Тоҷикистон қаноатбахш нест ва он ҳатман бояд ислоҳ гардад».
XS
SM
MD
LG