Пайвандҳои дастрасӣ

Нишастҳои матбуотӣ шурӯъ мешаванд


Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон феҳрас ва таърихи баргузории нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро тартиб додааст. Соли дуввум аст, ки бо як амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз чаҳоруми марти соли 2005 вазирон ва раҳбарони кумитаву идораҳои давлатӣ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ҳар се моҳ як бор барои расонаҳои дохиливу хориҷӣ нишастҳои матбуотӣ баргузор намоянд. Аввалин нишастҳои матбуотии соли 2006 дар таърихи 12 апрел ба нақша гирифта шудааст ва то охири моҳ, ҳар рӯз ҳадди аксар чаҳор вазорату кумита нишасти матбуотӣ доир менамояд. Ва аммо бо он вуҷуд, ки баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳатмӣ аст, дар баъзе аз вазорату идораҳо ин гуна нишастҳо на ҳамеша доир шудааст.
XS
SM
MD
LG