Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» "Истиқлол"-ро ба даст овард


Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барандаи Ҷоми Истиқлоли Тоҷикистон гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд, CSKA-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.

Низом Раҳимов, нимҳимоятгари «Регар» ТадАЗ дар дақиқаи 10-уми дидор ҳисобро боз кард. Ҳамлагар Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 60-ум голи дуввумро ба ҳадаф расонд. Дилшод Усмонов, нимҳимоятгари CSKA дар дақиқаи 75-ум ҳисоби бозиро тағйир дод.

Ба ин тартиб, «Регар» ТадАЗ -- барандаи Ҷоми раиси Конфедератсиони футболи Осиё ва Ҷоми Тоҷикистон боз як ҷоиза -- Ҷоми Истиқлоли кишварро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG