Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмад Юнус: "Ислом терроризм нест."


Аҳмад Юнус, раҳбари Шӯрои ҷамъиятии мусалмонони Амрико, ки бо иддае аз донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Душанбе мулоқот дошт, гуфт, ҷавонони тоҷикро худогоҳ ва бомаърифат дарёфтааст. Вай бо муҳассилини факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи исломӣ ва ҷавононе, ки барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизӣ ҷамъ омада буданд, сӯҳбат дошт ва гуфт, ин ҷавонон доир ба авзои сиёсӣ, улуми исломӣ дониши кофӣ доштаанд. Аҳмад Юнус доир ба натиҷаҳои ин дидораш гуфт:

"Бисёри ҷавонон аз ман мепурсиданд, ки дар Амрико чӣ қадар масҷиду мадраса фаъолият мекунанд ва ҷавонон таълимоти исломиро аз куҷо мегиранд. Ман посух додам, ки дар Амрико аз 6 то 8 миллион мусалмон ба сар бурда ҳудуди 3,5 хазор масҷид фаъолият мекунад ва аммо мадрасаҳои исломӣ таъсис дода нашудаанд ва хоҳишмандон мустақилона аз пайи омӯзиш мешаванд. Суолҳо хеле зиёд буданд ба монанди оё воқеъан Майк Тайсон ва ё Майкл Ҷексон дини исломро пазируфтаанд ё на? Ин гувоҳи чӣ аст? Гувоҳи он аст, ки миёни фарҳанги мо ва шумо холигие нест ва Амрико дар миёни мардуми тоҷик обрӯйи зиёд дорад. Вақте ки ман аз масҷид мебаромадам дасти садҳо нафарро фишурдам, хеле самимона маро истиқбол мегирифтанд. »

Дар сӯҳбати Аҳмад Юнус бо ҷавонон, ки дар маркази интернетии гӯшаи Амрико дар Душанбе доир гардид, як ҷавон суол кард, ки ба мусалмонон дар Амрико фарҳанги он кишвар то куҷо таъсир кардааст? Аҳмад Юнус чунин посух дод:

«Пайғамбари ислом Муҳаммад дуруд бар ӯ бод гуфтааст, ки ислом чун дарёест, ки ба ҳар самте равон шавад, қолаби ҳамон маҳалро мегирад. Ва агар мо ба ислом назар афканем, мебинем, ки он ба расму оин ва хусусиятҳои миллии ҳамон минтақае ки дар онҷо рушд мекунад, мутобиқ мешавад.»

Суоли дигар ба Аҳмад Юнус доир ба вазъи муҳоҷирини мусалмони Амрико буд:

"Барои мисол дар Амрико қариб дар 80 дар сади беморхонаҳо табибони мусалмон кору фаъолият доранд. Албатта мо мехоҳем, ки дар Амрико мусалмонеро бубинем, ки ба мансаби сенатор, намояндаи конгресси Амрико ва ё раҳбари Иёлоти Муттаҳида бошанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо дар сурати ба ин мартабаҳо расидан танҳо аз манфиати мусалмонон дифоъ мекунанду халос, балки фаъолияти онҳо ба беҳбудии ҳамаи шаҳрвандони он сарзамин равона хоҳад шуд.»

Як ҷавон, ки худро Абдулманнон муаррифӣ кард ва дар Амрико низ таҳсил карда будааст, муддаъӣ шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳида бисёриҳо Ислом ва терроризмро бо ҳам тавъам меҳисобанд. Аҳмад Юнус дар посух ба ин гуфт:

«Агар раҳбари ҳукумати Амрико бигӯяд, ки ислом ин терроризм аст, он гоҳ воқеъан ин мушкили сахт аст ва ин кор ҳаргиз нахоҳад шуд. Аммо ба назари ман ин кори ҳукумат нест ки ба ҳар як кас бифаҳмонад, ки ислом чӣ асту чӣ ҳадаф дорад. Ин кори мо ва созмонҳои гуногун мебошад. Албатта ҳукумати Амрико имкон дорад, ки ба кишварҳои мухталиф бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала коршиносони исломшиносро бифиристад ва маърифати одамонро оид ба ислом баланд бардорад. Ва ман ҳамчун як мусалмон ин корро бо истифода аз Қуръон ва ҳадисҳо иҷро мекунам. Аммо ахиран эҳсос мешавад, ки андешаҳои одамон нисбат ба Ислом ба таври мусбат тағйир меёбад ва баъди якчанд ҳодисаҳои ахир онҳо низ кӯшиш мекунанд, ки бештар Исломро биомӯзанд ва аз Исломи воқеъӣ огаҳӣ пайдо бикунанд.»

Ба гуфтаи Аҳмад Юнус дар Иёлоти Муттаҳида созмонҳои исломии ҷавонон дар қиёс ба дигар созмонҳо фаъолтар буда ва онҳо дар рушди соҳаҳои мухталиф ба монанди варзиш, фарҳанг ва амсоли инҳо мусоидат мекардаанд.

Аҳмад Юнус 27 сол дошта хатмкардаи риштаи ҳуқуқи яке аз донишгоҳҳои Амрико будааст. Падару модараш аз Миср ба Амрико барои таҳсил омада, баъдан муқими Амрико гаштаанд. Аҳмад Юнус се рӯз дар Тоҷикистон буд ва қабл аз бозгашташ гуфт, ҳамкориро бо ҷавонони тоҷик идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG