Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нилуфар ба Итолиё меравад


Нилуфар дар мусобиқоти дави ин озмун ширкат хоҳад кард. Барои Нилуфар ин нахустин озмун нест ва умедворем, ки охирин ҳам набошад. Танҳо таи як соли ахир ӯ бо ҳадафи ширкат дар озмунҳои варзишӣ, ба Тошканди Узбакистон ва Алматии Қазоқистон низ сафар карда, ба масофи дигар шогирдони парваришгоҳҳои маълулону ақибуфтодагони зеҳнӣ аз он ин кишварҳо рафта ва мақоми аввалро ба даст овардааст. Ин бор низ Нилуфар мутмаин аст, ки дар Итолиё пирӯз хоҳад шуд.

«Ҳозир тайёрӣ дида истодаем, ман хеле хурсандам, барои ки боварӣ дорам дар Италия ҳам ҷои аввалро мегирам.»

Агар шунавандагони мо дар ёд дошта бошанд, ин ҳамон Нилуфарест, ки чанд моҳ қабл дар ҳамин барнома достони зиндагиашро таъриф карда будем. Гузориши қаблии мо дар бораи истеъдоди наққошии Нилуфар буд. Ба гуфтаи кормандони парваришгоҳи ақибмондагони зеҳнии Чорбоғ, дар миёни дигар шогирдони ин мактаби шабонарӯзӣ имрӯз Нилуфар мутафовит аст ва ҳарчанд аз андак гирифтории равонӣ ранҷ мебарад, аммо аз тавоноиҳои хубе бархӯрдор аст.

Ин ҳамон Нилуфарест, ки аз оташсӯзии шаби ҳаштуми январ дар парваришгоҳи Чорбоғ дар канори 77 нафар кӯдакону навҷавонони дигар ҷон ба саломат бурд. Агар ёдатон ҳаст, бар асари ин оташсӯзӣ 13 кӯдак ба коми оташ рафтанду бастагонашонро ба бистари дард нишонданд. Ва бозмондагони он ҳодиса ба парваришгоҳи маълулон воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви Душанбе мунтақил шуданд.

Сафари қарибулвуқӯъи Нилуфар ба Итолиё баҳонаи хубе буд барои огоҳии бештар аз вазъияти кунунии кӯдакони ин парваришгоҳ. Маърифат Эмназарова, раиси ин парваришгоҳ мегӯяд, феълан, танҳо мушкили онҳо камбуди ҷой барои қабули шогирдони тоза аст. Имрӯз дар парваришгоҳ ҳудуди 80 кӯдак бо омӯзишу парвариш фаро гирифта шудаанд. Аз бону Маърифат мепурсам, ки вазъи бачаҳо чи гуна аст?

« Ҳама чизамон ҳаст ва кӯдакон ҳаматарафа таъминанд. Баъд аз сӯхтор ташкилотҳои зиёди маҳалливу хориҷӣ ба мисли сафорати Амрико, созмонҳои Юнисефу Сорос ба ин бачаҳо бисёр кӯмак мекунанд.»

Маърифат Эмназарова мегӯяд, онҳо имрӯз ҷиддан аз паи кӯч бастан ба бинои нави парваришгоҳанд, ки дар минтақаи хушманзари Варзоб воқеъ аст ва интизор меравад, то рӯзи 1 июн, ки рӯзи байналмилалии кӯдакон аст, он сохтмон такмил шавад. Бо ин ҳадаф барои ҷалби мураббиёни ҳирфаӣ ва меҳрубон озмун эълон шудааст.

«Нақшаҳои зиёд дорем, муаллимаҳои зиёд гирифтан даркор , ки бо ин кӯдакон хуб муносибат карда тавонанд ва ҳатман маълумот дошта бошанд.»

Вазъи саломатии кӯдакони ин парваришгоҳ, ки гуфта мешуд, баъд аз оташсӯзии бинои қаблишон осеби равонии бештаре дида буданд, феълан, хуб арзёбӣ мешавад ва ба гуфтаи масъулон, дар паи он фоҷеъа ҳамаи онҳо муоина ва дармон шудаанд. Худи кӯдакону навҷавонони бемор низ болида ба назар мерасиданд. Шуморе аз онҳо дар сӯҳбат ба ман гуфтанд, ки хонаи навро меписанданд, хӯроки хуб мехӯранд ва либосҳои зебо мепӯшанд.

Умед: «Ҳама чӣ дорем, нағз мепӯшем, мехӯрем. Телевизор, радио дорем. Бозичаҳои бисёр дорем.»
Нилуфар: «Ба мо бисёр ёрдам мекунанд. Хӯрокҳои бомаззаи гӯштдор мехӯрем.»
XS
SM
MD
LG