Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Ирон ҳамла мекунад?


Иёлоти Муттаҳидаи Амирико гузоришҳо дар бораи омодагии Амрико ба ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Иронро ноқис хонд, вале маълумоти овардашуда дар мақолаи ҳафтаномаи "Нию Йорке"-ро рад накард. Дан Бартлетт-мушовири раиси ҷумҳури Амрико ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, Ҷорҷ Буш ба роҳи ҳали дипломатии ин қазия бартарӣ қоил аст, роҳи ҳале, ки маҳофили байналмилалӣ аз он ҷонибдорӣ кунанд. Шаҳроми Чубин-мудири маркази мутолеъоти умури амниятӣ дар Женев ба родюи Озодӣ гуфт, дар мақолаи "Нию Йорке" чанд нукта матраҳ шудааст:

"Нуктаи аввал ин ки, Сеймур Ҳерш рузноманигори муҳаққиқ аст ва вай яке аз касоне буд, ки моҳи декабри соли 2004 бори аввал гуфт, Амрико роҳи ҳали низомиро баррасӣ мекунад. Албатта, ин бад-он маъно нест, ки ҳамаи навиштаҳои вай дуруст аст. Вале ин яке аз силсиламақолаҳое дар ин бора аст ва нишон медиҳад, ки агар Амрико муваффақ ба ҳалли дипломатӣ нашавад, ба таври ҷиддӣ роҳи ҳали низомиро низ ҷустуҷу хоҳад кард".

Сару садоҳо дар бораи имкони ҳамлаи низомии Амрико ба Ирон замоне сари забонҳо омад, ки буҳрон бар сари барномаҳои ҳастаии Ирон шадидтар шуд. Моҳи март Шурои Амнияти СММ ба Теҳрон як моҳи муҳлат дод, то ки барномаҳои ғанисозии урониюми худро қатъ кунад. Вале мақомоти расмии Ирон ин пешниҳодро рад карданд. Ирон мегуяд, барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад, вале Амрико ин ҳарфҳоро қабул надорад ва мегуяд, Ирон дар фикри иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад. Муаллифи мақолаи "Нию Йорке" аз қавли як мақоми собиқи Амрико, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, навиштааст, ҳадафи ниҳои президент Буш дар мухолифатҳо бо Ирон тағири режим аст. Яке аз афсарони собиқи кашфи Амрико дар мақолаи Ҳерш Маҳмуди Аҳмадинеҷод-раиси ҷумҳури кунунии Иронро ба Адолф Ҳитлер шабоҳат додааст. Ин афсар дар мақола чунин гуфтааст: "Агар Ирон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад, ҷанги навбатии ҷаҳонӣ оғоз мешавад". Шаҳроми Чубин мегуяд, Амрико ба режими кунунии Ирон бовар надорад, ба вижа баъд аз омадани Аҳмадинеҷод бар сари қудрат. Рузномаи "Вошингтон Пост" дар шумораи рузи 9-ми апрел навиштааст, зоҳиран чунин ҳамлаҳо ба зудӣ сурат намегиранд, вале Амрико мехоҳад нишон диҳад, ки агар зарурати истифода аз ниру пеш ояд, ба таври ҷиддӣ дар ин бора тасмим хоҳад гирифт. Ҳавиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз мақолаи "Нию Йорке" интиқод кард ва ба родюи Озодӣ гуфт, имкони ҳалли низомии ин масъала дар дастури руз нест:

"Ман мақолаи Нию Йорке"-ро хондам. Ман фикр мекунам, ки он ба воқеъият дуруст намеояд. Ман намедонам дар вазорати дифоъи Амрико чӣ мегузарад, дар сатҳҳои мухталифи он. Вале барои шумо метавонам бигуям, ки ҳар гуна амали низомӣ барои мо хориҷ аз дастури руз аст".

Оқои Солана афзуд Ирон аз таҳдид наметарсад ва аз ҳақи худ барои текноложии ҳастаӣ дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG