Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷику афғон тақозои кӯмак доранд


Намояндагони аршади нерӯҳои марзбонии Афғонистон ва Тоҷикистон дар нишасти коршиносон доир ба ҳамкориҳои фаромарзӣ тақозои кӯмак аз кишварҳои сармоягузор шуданд. Онҳо таъкид карданд, ки бидуни ёрии кишварҳои кӯмакрасон барномаҳои муҳими дар роҳи коҳиши мизони қочоқи маводи мухаддир, хунсо кардани гурӯҳҳои мафиёӣ ва таҳкими марз бенатиҷа хоҳад монд. Бино ба гузориши Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро 8 ҷузъу томи умури дохилаи Афғонистон аз он сӯи марз назорат мебарад, ки онҳо ба таври лозима таъмин ва мусаллаҳ нестанд. Ҳукумати Афғонистон дар назар доштааст, пулиси марзбонии худро аз сифр шурӯъ кунад ва ин хеле вақт мехоҳад.Чунин ҳолат водор мекунад, марзбонони Тоҷикистон таи чанд соли оянда марзи муштаракро якҷониба назорат баранд. Генерал Сафаралӣ Сайфуллоев, муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд: «Воқеан, марзбонони Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва аз басечи нокофии марзбонони Афғонистон дар имтидоди марз ва ҳузури якҷонибаи сарҳадбонони Тоҷикистон интизори натиҷаи борвар будан нодуруст аст».
Дар расидагӣ ба ин суол, ки бо гузашти муддати зиёд аз тарки муроқибати марз аз ҷониби русҳо чӣ беҳбудӣ дида мешавад, генерал Сайфуллоев гуфт, ҳеҷ дигаргунии ҷиддие пеш наёмадааст ва ба ҳамон гунаи пешин назорат идома дорад. Ҳоло марзбонони тоҷик бо мушовирони Русия ҳамкорӣ доранд. Ҷониби Афғонистон низ ба ин назар аст, ки вазъи мавҷуд дар марз водор мекунад, ки кишварҳои ҳамсоя ва аз ҳама муҳимтар, кишварҳои кӯмакрасон таваҷҷӯҳи бештар ба масоили марз дар Афғонистон андозанд. Саид Камол Содот, мудири умуми пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон мегӯяд, қарор аст, дар соли равон пулиси марзбонӣ як амалиёти густардаеро алайҳи гурӯҳҳои мафиоии мусаллаҳ ба хотири барҳам задани корхонаҳои тавлиди ҳероин оғоз кунад ва ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати маҳдуд шудани фаъолияти онҳо имкон дорад, баъзе аз ин гурӯҳҳо ба хотири идомаи кори худ лабораторияро ба марзи ҷанубии Тоҷикистон кашонанд. Оғои Содот аз қаламрави Эрону Тоҷикистон ворид шудани маводи кимиёвӣ барои истеҳсоли ҳероин ба хоки Афғонистонро рад намекунад.
Ба ин тартиб, дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти мубориза бо гурӯҳҳои қочоқбар дар марз хостори созмони як маркази байналимиллалӣ монанд бар иловаи эҷоди як ҳалқаи амниятӣ дар Афғонистон бо Тоҷикистон шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG