Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ алайҳи фаъолияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон


Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барои се моҳи оянда қатъ карда шуд. Вазорати адлияи Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кард, ки дар робита ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва норӯшаниҳо дар оинномаи ин созмони журналистӣ расидагӣ кунад. Давлат Сулаймонов, масъули идораи сабтиноми созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, фаъолияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон хилофи банди 21-и қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва банди 56-и кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон будааст. Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Яҳёев, узви раёсати Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва раиси бахши ин созмон дар вилояти Хатлон мегӯяд, қазияи мазкур аз сӯйи мақомот ба таври сунъӣ сар задааст. Ба гуфтаи оқои Яҳёев, ҳамаи асноди ин созмон дар асоси қонунҳои ҷории кишвар роҳандозӣ шудаанд ва фаъолияти он бидуни кадом асос қатъ шудааст. Ӯ гуфт, «Оинномаи ИЖТ аз ҷониби вазорати адлияи кишвар расман ба қайд гирифта шудааст ва иттиҳоди мо дар асоси ин оиннома фаъолият мекунад. Дар сурате ки оиннома хилофи қонун мебуд, барои чӣ вазорати адлия онро тасдиқ кард? чаро ҳамон вақти сабтином камбудии оинномаро наёфт? Агар дар оиннома хато мебуд, вазорат бояд пешниҳод мекард, ки ин санад бояд ба талаботи қонун мутобиқ шавад ва баъдан тасдиқ.»
Давлат Сулаймонов, масъули идораи сабтиноми созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия гуфт, мақомоти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба сурати расмӣ 30 рӯз қабл дар ҷараён гузошта шуда буданд, ки бояд ба зудтарин фурсат коргузории худро ба қонунҳои кишвар мутобиқ кунанд, дар ҳоли акс фаъолияти ин созмон қатъ хоҳад шуд. Вале мақомоти созмони мазкур аз талаби вазорати адлия сарфи назар кард. Оқои Сулаймонов мегӯяд, дар ҳоле ки тайи се моҳи оянда низ Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон санадҳо ва коргузориашро дуруст ва оинномаашро ба талаботи қонун ҷавобгӯ накунад, созмони мазкур тамоман барҳам дода мешавад. Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон сар аз соли 1959 ба фаъолият шурӯъ карда, узви Кунгураи байналмилалии хабарнигорон аст. Дар ҳоли ҳозир, беш аз якуним ҳазор рӯзноманигор узви ин Иттиҳоданд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG