Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 6 - 1 Бангладеш


Ин дидор, ки бино бар навиштаҳо задухӯрди таҳамтанҳо ва лоиқи бозии ниҳоӣ номида мешуд, бегоҳи рӯзи душанбеи 10 ноябр дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и шаҳри Дакка баргузор шуд. Иброҳим Рабимов, узви дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи дуввуми бозӣ ҳисобро кушод. Алфаз, бозигари тими Бангладеш дар дақиқаи ҳабдаҳум ҳисобро баробар кард. Баъдан ба бозигарони тоҷик Хуршед Маҳмудов, дар дақиқаи 20-ум, Ҷомихон Муҳиддинов, дар дақиқаи 31-ум, Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 51-юм, Юсуф Рабиев дар дақиқаи 65-ум ва Шуҷоат Неъматов дар дақиқаи 81-юм муяссар шуд, ки тӯбро ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз ҳам афзун намоянд.

Дар се бозии дигари чаҳорякниҳоӣ тими Шри-Ланка бар дастаи Тайван ва мунтахаби Непал бар тими Ҳиндустон бо натиҷаи якхелаи 3 бар 0 ва дастаи Қирғизистон бар тими Фаластин бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои нимниҳоӣ рӯзи чаҳоршанбеи 12 апрел дар варзишгоҳи «МА Азиз»-и шаҳри Читтагонг Шри-Ланка бо Непал ва рӯзи панҷшанбеи 13 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и шаҳри Дакка Тоҷикистон бо Қирғизистон рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG