Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуме, ки камтар аз 40 сол умр мебинанд


Даҳ кишвари аввале, ки тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт сокинонаш дар ҷаҳон аз ҳама камтар умр медидаанд, ҳамагӣ дар қораи Африқо ҷойгиранд. Дар кишваре бо исми Зимбабве мувофиқи гузориш занҳо ба ҳисоби миёна 34 ва мардҳо 37 сол умр медидаанд. Мардуми кишварҳое ба мисли Свазиленд ва Сйерра-Леоне, ки мутаносибан ҷойҳои дуввум ва саввумро дар ин феҳрас гирифтаанд, низ ба ҳисоби миёна на бештар аз 40 сол умр медидаанд. Гуфта шудааст, иллати аслии кӯтоҳумрии мардуми ин кишварҳо - вазъи сангини иқтисодӣ ва густариши маризии СПИД будааст. Мувофиқи гузориши солонаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳисоби миёнаи зиндагӣ дар Тоҷикистон барои мардҳо 62 ва барои занҳо 64 сол будааст. Мувофиқи ин гузориш, аз ҳама бештар дар ҷаҳон ҷопониҳо умр мебинанд, ки ба ҳисоби миёна тӯли умри онҳо 82 солро ташкил медодааст.
XS
SM
MD
LG