Пайвандҳои дастрасӣ

«Задухӯрди таҳамтанҳо»


Бангладеш - Тоҷикистон: Пирӯзӣ насиби кӣ мешавад? Бегоҳи рӯзи душанбе, даҳуми апрел дар бозии охирини чаҳорякниҳоии Ҷоми даъвати AFC дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш тими футболи Тоҷикистон бо мизбонон, тими Бангладеш рақобат мекунад.

Дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2006, Тоҷикистон бангладешиҳоро ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Дакка бо ҳисоби якхелаи 2 бар 0 мағлуб карда буд. Ва аммо бо гузашти се сол аз он бозӣ, имрӯз шонси кӣ барои пирӯзӣ бештар аст?

Сомонаи интернетии Конфедеросюни футболи Осиё дар сафҳаи аслии худ бозии байни ин ду тимро «Задухӯрди таҳамтанҳо» унвон гузошта ва навиштааст, ки ҳар ду тим, ки дар ду бозии аввали худ дар гурӯҳ роҳхат ба чаҳорякниҳоиро соҳиб шуда буданд, дар дидорҳои охирини гурӯҳии худ бозигарони аслии худро «истироҳат» доданд. Бангладеш дар бозии охири худ бо Фаластин як бар як мусовӣ карда буд ва Тоҷикистон бозиро бар Қирғизистон бо ҳисоби сифр бар як бохта буд.

Дар сӯҳбатҳои матбуотии худ мураббиёни ҳарду тими Тоҷикистон ва Бангладеш бозиро хеле муҳим ва рақибони худро хеле пурзӯр номидаанд. Шариф Назаров, мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва сармураббии тими Тоҷикистон, ки дар дидор бо Қирғизистон ҳафт бозигари аслиро истироҳат дода буд, гуфтааст:

«Мо ба ҳар тим бо чашми эҳтиром менигарем. Ва инро ҳам фаромӯш намекунем, ки Бангладеш дар майдони худ бозӣ мекунад. Бале, се соли қабл тими ман ду бор ғолиб омада буд, аммо ҳоло танҳо 30 дар сади ширкатдорони он бозиҳо дар даста боқӣ мондаанд. Ғолибият дар ин бозӣ аз он вобаста аст, ки кадоме аз мо беҳтар ба бозӣ омодагӣ гирифтаем. Пирӯзиро ҳама мехоҳанд ва мо ҳам истисно нестем.»

Диего Кручиани, мураббии аргентинии Бангладеш гуфтааст,

«Ҳатто агар рейтинги ФИФА ва таърихи бозиҳои байниҳамро сарфи назар намоем ҳам, ман медонам, ки рӯзи душанбе бо рақиби пурзӯре кордор хоҳем буд. Рейтинги ФИФА назарфиреб аст ва Тоҷикистон ба маротиб пурқувваттар аз он маконест, ки ҳоло дар рейтинг дорад. Ва аммо вазъи равонии тими мо хеле хуб аст ва ҳамаи бозигарон мехоҳанд, ки ҳунари хуби худро намоиш диҳанд. Тими мо сар дар сад ба бозӣ омода аст.»

Воқеъан, дар пурсиши интернетии сомонаи AFC дар мавриди ғолиби Ҷом, тими Тоҷикистон нисбат ба Бангладеш каме бештар аз як дар сад раъй ба даст овардааст.

Бозиҳои дигари чаҳорякниҳоӣ бо чунин натоиҷ анҷом шудааст:

Шри - Ланка 3 - 0 Тайван
Ҳиндустон 0 - 3 Непал
Фаластин 0 - 1 Қирғизистон

Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ бар Бангладеш, дар бозии нимниҳоӣ бо дастаи Қирғизистон хоҳад вохӯрд.
XS
SM
MD
LG