Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии 10 соли фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ


Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти 10-солаи ин созмонро омили созанда дар сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амният ва ваҳдати миллӣ номид. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки мафҳуми демократия ба маънои адлу инсоф ва башардӯстӣ барои ҷомеаи тоҷик нав набуда, решаҳои қадимӣ дорад, Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози роҳи мардумсолорист ва ҳамаи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бояд барои расидан ба ҳадафҳои демократӣ ҳамкорӣ кунанд. Президенти Тоҷикистон аз таҷрибаи сулҳу оштии кишвар ва рушди чандгонагии афкори сиёсӣ ситоиш кард. Вай гуфт, ҳоло дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ, 2700 созмони ғайридавлатӣ, наздик ба 300 нашрия, 22 телевизион ва радиои мустақил мавҷуданд, ки баёнгари ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонанд.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар соли 1996, дар ҳоле таъсис ёфта буд, ки кишвар гирифтори ҷангу низоъи дохилӣ буд ва ҳукумат бо Иттиҳоди оппозисюни тоҷик гуфтушуниди сулҳро идома медод. Дертар, ҳизбҳои оппозисюн бо лағви қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолият ба ин ниҳод шомил шуданд. Вале бархе аз онҳо, аз ҷумла ҲНИТ бо эътироз аз интихоботи порлумонии соли 2005 аз иштирок дар кори шӯро даст кашид. Баъдан ин аҳзоб бидуни эълон ширкати худро дар кори шӯро идома доданд.
XS
SM
MD
LG