Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон


шореҳи меҳмон Гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ шароити рушди тиҷоратро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, моҳи гузашта назар ва пешниҳодҳои худро пиромуни рушди минбаъдаи ин соҳа ба ҳукумати Тоҷикистон тақдим намуд.

Дар ин санад вазъи тиҷорати дохилию хориҷии Тоҷикистон, ҳаҷм ва таркиби содироту воридот, ба вижа содироти барқ, алюминиум, пахта ва нирӯи кор мухтасаран бозтоб шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда баён шудааст. Зимнан масъалаи беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояҳои мустақим низ матраҳ шудааст. Дар ин санад омадааст, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки фақат 7 миллион аҳолӣ дорад, бисёр муҳим аст ки кишвар тиҷорати хориҷии худро густариш диҳад ва аз ин роҳ аз бартариҳои нисбии худ ва аз омили "сарфаҷӯӣ аз миқёс" истифода кунад. Ба назари коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, хуб аст, ки таърифаҳои гумрукии Тоҷикистон баланд нестанд ва ин ба рушди тиҷорати хориҷӣ мусоидат мекунад. Вале чанд мушкиле ҳаст, ки садди роҳи пешрафти ин соҳа гардидааст.

1. Ҳаҷми бозори дохилӣ калон нест: маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ фақат дар ҳудуди 2 миллиард доллар ва даромади сарона 330 доллар аст. Гунҷоиши ками бозори дохилӣ барои сохтани корхонаҳои бузургу пурсамар мусоид нест. Аз ин рӯ, раҳ ёфтан ба бозорҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон як амри зарурист.

2. Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ ва дур аз бандарҳои байналмиллалӣ воқеъ шудааст. Афзун бар ин, роҳҳои хуб надорад ва робитаҳои иқтисодӣ байни ноҳияҳо, ба вижа байни шимолу ҷануби кишвар доимӣ нест. Набудани муносибати дӯстона байни Тоҷикистон
ва баъзе аз кишварҳои хамсоя, ба вижа Узбакистон, низ рушди тиҷорати хориҷии кишварро мушкилтар сохтааст. Ҳукумати Узбакистон барои интиқоли амволи содиротию воридотии Тоҷикистон аз хоки он кишвар молиёти сангин муқаррар кардааст ва ин боиси боло рафтани масорифи тоҷирони тоҷик ва гаронтар шудани қимати колои онҳо гардидааст.

3. Монеъаҳои ғайрирасмӣ, яъне пардохтҳои ғайриқонунӣ. Марзбонҳою кормандони гумрукҳо, нозирони роҳу милисаҳо дар ҳама ҷо, ба вижа дар Узбакистону Қазоқистон аксаран аз мусофирону тоҷирон, аз соҳибони борҳои тронзитӣ ба ҳар баҳона пули изофӣ меситонанд ва ё интиқоли борро ба таъвиқ меандозанд. Ба гуфтаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, пардохтҳои ғайриқонунӣ танҳо дар дохили Тоҷикистон тақрибан 20% масорифи ҳамлу нақли амволро ташкил медиҳад, дар Узбакистону Қазоқистон хеле бештар аз ин. Ин ҳама масорифи ҳамлу нақл ва қимати колоҳоро хеле боло мебарад.

4. Ба ақидаи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, фаъолияти Биржаи (бозори) мол ва ашёи хоми Тоҷикистон низ на танҳо ба рушди тиҷорати хориҷии кишвар мусоидат намекунад, балки баракс садди роҳ шудааст. Бинобар ин, ҷиддан ислоҳ кардани ин муассисаро маслиҳат донистаанд. Ҳамин гуна, ширкатҳои давлатии ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон низ дар густариши равобити хориҷии кишвар нақши мусбат надоранд. Онҳо бо истифода аз мақоми инҳисории хеш ва набудани рақобат қимати билетҳо ва хадамоти худро беҳад боло бурдаанд.

Бо дар назардошти ин мушкилот, ба ҳукумати Тоҷикистон
тавсия шудааст, ки дар ҷиҳати ислоҳу беҳтар кардани фаъолияти гумрукҳо, нақлиёти заминию ҳавоӣ, ба вижа ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон, осон кардани муқаррароти рафтуомад ба кишвар, аз байн бурдани фасоду девонсолорӣ ва пардохтҳои ғайриқонунӣ гомҳои муассир бардорад. Зимнан, ба зарурати оддӣ сохтани муносибот ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфид бо Узбакистон ва ҳамчунон боз кардани роҳи ҷанубӣ аз тариқи Афғонистон ба Эрону Покистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG