Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашнвораи Лоиқ дар вилояти Суғд


Аҳмадҷони Раҳматзод, сарвари Иттиҳоди адибони Суғд, муҳаррири куллиёти ашъори Лоиқ Шералӣ мегӯяд, арҷгузорӣ аз ин шоири номвари тоҷик дар Суғд дар замони зиндагии ӯ шурӯъ шуда буд :
«Ба ифтихори шастумин солгарди зодрӯзи Лоиқ бо ибтикори ҳукумати Суғд куллиёти ашъори Лоиқ, иборат аз 2 ҷилд бо сифати хеле баланд дар Хуҷанд ба дасти нашр расид. Дар куллиёт тамоми шеъру ғазал, қитъаву чаҳорпора, дубайтиву рубоиёт, фардҳое, ки устод Лоиқ худ интихоб карда буд, дар ду муҷаллад гирд оварда шудааст.»
Аммо Лоиқ Шералӣ, ки моҳи июни соли 2000 дар синни 59-солагӣ рахт аз ин ҷаҳон баст, нашри куллиёти ашъораш дар Хуҷандро надид. Куллиёти Лоиқ дар соли 2005 дар асоси нашри Хуҷанд дар Теҳрон дубора аз чоп баромад.
Ба ифтихори 60-умин солгарди зодрӯзи Лоиқ, 5 сол қабл дар Панҷакент нимпайкараи ин шоири шаҳири тоҷик гузошта шуда, дар деҳи Мазори ин ноҳия -- зодгоҳи Лоиқ дар ҳамон сол осорхонаи ӯ ифтитоҳ гардид.
Барои таҷлили 65-умин солгарди зодрӯзи Лоиқ дар моҳи майи соли равон дар Суғд аз ҷониби ҳукумати вилоят 16 ҳазор сомонӣ, баробари 5 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гаштааст. Ба гуфтаи масъулин, дар навбати аввал қисмате аз ин маблағ барои бозсохти осорхонаи Лоиқ сарф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG