Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон: Ғарб "иштибоҳи бузург" мекунад


Ирон мегуяд, Амрико "иштибоҳи бузург" хоҳад кард, агар бо муттаҳидонаш фикр кунад, ки Шурои Амният метавонад Иронро маҷбур ба қатъи ғанисозии урониюм кунад. Ҳамид Ризо Осефӣ-сухангуи вазорати хориҷаи Ирон гуфт, ҳеҷ таҳдиде наметавонад Иронро водор кунад, ки аз барномаҳои сулҳомези ҳастаиаш даст кашад. Ҳоло гуруҳи бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дар Ирон қарор дорад ва интизор меравад, ки ин гуруҳ аз корхонаи ғанисозии урониюми Ирон дар Натанз боздид кунад. Интизор меравад, ки Муҳаммад Ал Бародеӣ-раиси ин Ожонс рузи сешанбе ё чаҳоршанбе аз Ирон боздид кунад. Қаблан ин боздид ҳамин руз дар назар гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG