Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши роҳкирои нақлиёт дар Душанбе


Раҳмакарими Давлат

Бо қарори шаҳрдори Душанбе аз таърихи 10 апрел нархи роҳкиро барои васоили нақлияи шаҳрӣ боло рафт. Бар асоси тасмими шаҳрдорӣ қиммати роҳкиро барои микробусҳои хати сайри мушаххас ё ба истилоҳ маршруткаҳо 40 дирам муқаррар шудааст, ки то кунун 30 дирам буд. Барои автобус ҳам роҳкиро баробар ба микробус 40 дирам шуда, ки қаблан 20 дирам буд. Барои троллейбус роҳкиро то ҳол 10 дирам буд, ки акнун 30 дирам таъин шудааст. Нархи билети моҳона барои донишҷӯён 12 сомонӣ ва барои истифодаи ҳамагонӣ 15 сомонӣ муқаррар гаштааст. Бар асоси ҳамин фармони шаҳрдори Душанбе акнун ширкатҳои мусофирбарӣ сарфи назар аз шакли моликияташон муваззаф шудаанд, то 1 сентябри соли равон дар дохили ҳамаи воситаҳои мусофирбарӣ мошинҳои ҳисоб ва хазинадорӣ насб кунанд. Акнун интизор меравад, ки қимати роҳкиро барои мусофирбарҳои байнишаҳрӣ низ афзуда шавад ва ба ин васила қимати интиқоли коло ва ҳамин тавр нархи он низ афзоиш меёбад. Гуфтанист, дар ду моҳи пеш ҳамчунин қимати гази табиӣ ва гуфтугӯи телефонӣ низ то 50 дарсад афзоиш ёфта буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG