Пайвандҳои дастрасӣ

НАНСМИТ 7-сола шуд


Имруз ба таъсиси НАНСМИТ - Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон 7 сол пур шуд. Дуруст 7 соли пеш 8-уми апрел бори нахуст ин муассисаи ғайридавлатӣ барои дифоъ аз усули демократии озодии баён ва озодии матбуъот дар Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин муддат НАНСМИТ таҳти раҳбарии Нуриддин Қаршибоев-рузноманигори шинохта тарҳҳои муҳимеро барои дифоъ аз озодии баён ва ҳуқуқи рузноманигорон иҷро кард. "Дифоъ аз усули демократии озодии баён дар Осиёи Марказӣ" ва "Ҳимояти ҳуқуқии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон" аз ҷумлаи чунин тарҳҳо ба шумор мераванд, ки дар чаҳорчубаи он рузноманигорони тоҷик омузиш дидаанд. Бо назардошти мавозини байналмилалии озодии баён ва қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон НАНСМИТ ба рузноманигорон ва расонаҳои мустақили хабарӣ машваратҳои ҳуқуқӣ додааст ва дар ин замина онҳоро бо дастуруламалҳои зарурӣ таъмин кардааст. Муассисаи мазкур ҳамеша бар вазъи озодии баён дар Тоҷикистон назорат мекунад ва гузоришҳои худро дар ин бора ба нашр мерасонад. Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамаи кормандони НАНСМИТ-ро ба муносибати солгарди мазкур табрик мегуяд ва ба онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи рузноманигорон ва озодии баён комёбӣ мехоҳад.

Н. Холзода, Прага
XS
SM
MD
LG