Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати эронӣ оби Душанберо поксозӣ мекунанд


Ширкати эронии «Об пуй», ки дар заминаи обрасонӣ машғул ба фаъолият аст тасмим гирифтааст дар таъмини сокинони пойтахти Тоҷикистон бо оби поки ошомиданӣ саҳм бигирад.Ин тасмим дар пайи боздиди намояндаи расмии ин ширкат Носир Раҷоӣ аз Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо мақомоти ширкати обу корезии шаҳри Душанбе эълом шудааст.Бино ба иттилоъи Акобир Ашӯров сардори дафтари матбуъоти ширкати обу корезии пойтахти Тоҷикистон,ҷониби Эрон қасд дорад барои такмили фаъолияти шабакаи обрасонӣ ва поккории оби шаҳри Душанбе як кӯмаки билоивази 400 ҳазор долларӣ дар ихтиёри ширкати обу корезии пойтахти Тоҷикистон қарор бидиҳад. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ дар ин замина миёни мақомоти ширкати обу корезии шаҳри Душанбе ва ширкати эронии«Об пуй»тавофуқ ба даст омадааст.Ҳамчунин бар асоси тавофуқи ҳосила ширкати эронии «Об пуй»барои беҳбуди вазъи обрасонӣ дар шаҳри Душанбе тарҳи вижае таҳия сохтааст ва он барои иҷро дар ихтиёри ширкати обу корезии шаҳри Душанбе қарор мегирад.Гуфта мешавад бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи мавҷуд қарор аст моҳи маи соли равон як ҳайати коршиносони эронӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.Ба дунболи ин боздид дар назар аст дар мавриди ихтисоси кӯмаки билоивази 400 ҳазор долларӣ миёни тарафҳо як тавофуқнома ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG