Пайвандҳои дастрасӣ

Кина ва адоват


Ба навиштаи матбуот, ҳар кадоме аз ин рӯйдодҳо ба он сабаб забони нафрату адоватро боз кард, ки вазъи кулли ҷаҳон ва мавзеъгириҳои гуногуну шадид заминаҳои чунин ҳолро фароҳам оварда буданд. Масалан, корикотурҳо ба мазраъаи низоъи Ховари Миёна ва ҷанги Ироқ афтода, дар шакли намоишҳои хушунатбор сар кашиданд ва ё бӯҳрони пиромуни Эрон дар киштзори шиорҳои яҳудбадбинии президенти Аҳмадинажод бештар дуд андохт кард ва ҳукми қотилони Хуршеда дар пасманзари куштори садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ба охирин қатраи паймонаи сабр табдил ёфт.
Аммо имрӯз аз дӯст ва дӯстӣ сӯҳбат хоҳем кард дар ҳамин гуна пасманзар. Албатта бо гардише ба мавзӯъи кинаву адоват.

ДӮСТИ ШУМО КИСТ?

Марк Твен, яке аз нависандагони дӯстдоштаи ман шӯхиомез мегӯяд, дӯсти ҳаққонӣ касест, ки дар лаҳзаҳои нодурусти ту бо ту аст, дар лаҳзаи дурустӣ, ҳама бо ту хоҳанд буд. Файласуфи машҳур Френсис Бекон менависад, дӯстӣ хурсандиро дучанд зиёд ва ғамро ним баробар кам мекунад. Китоби панду андарзҳои мардуми тоҷик дар бораи дӯстӣ ва рафоқат ҳазорон сафҳа доранд ва ба гуфтаи Ҳофиз:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Дарахти душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.


Ё ба гуфтаи Саъдӣ:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.


Вале дар сӯҳбатҳои сарироҳии ҳамнафаси мо Нилуфари Собир бо раҳгузарони Душанбе, аз чи бошад, бештар гуфтаҳои дигари Саъдии ширинсуханро ёд кардаанд (дар бораи дӯстони забонию нонию ҷонӣ).

ТАНАФФУР ВА ОЗОДИИ СУХАН

Вокунишҳо ба ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург дар баробари қотилони Хуршеда Султонова гуногун ва шадидан зиддиҳаманд.
Дар матбуоти Русия ва матбуоти Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет, дар маҳфилҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ бо гуфторе рӯбарӯ мешавем, ки дар як гӯша не, дар гӯшаи дигари худ, ангезае аз нафрат ва хусумат доранд. Дарвоқеъ куштори ба маънои томаш ваҳшиёнаи духтарчаи нӯҳсола мисли ханҷар ба дил мехалад, аммо ҳукми, ба истилоҳ додгоҳ, аз ин ханҷар ба маротиб тезтару хунинтар аст. Ва аҷибаш ин аст, ки на тарафи ҷабрдида, балки тарафе ки модару падари Хуршедаро ба умқи ғаму андӯҳ нишонду як миллатро дар саҳнаи ҷаҳон ин гуна зору низор намоиш дод, бештар норозист. Нависандагони "Правда. Ру", масалан, падари Хуршедаро дар қочоқи маводи миухаддир айбор карданд, онгуна ки ҳамаи тоҷикони муҳоҷирро айбдор мекунанд ва дар чатхонаҳои интернетии русӣ баҳс аз он аст, ки чаро тоҷикони бефарҳанг, нотавон, сияҳкор ва ғайра ба Русия меоянд? Яъне агар наоянд, кушта ҳам нахоҳанд шуд. Ҳтто тоҷикон низ ба ҳамин мазмун номаҳои электронӣ мепарокананд.

САБАҚИ КОРИКОТУРҲО

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо таҳлили вазъи равонии ҷаҳон, баъд аз нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, масъалаи таҳқиру танаффурро баррасӣ кард.
Миклош Ҳарашти, масъули САҲА дар умури озоди матбуот, раёсати ин нишастро дар ӯҳда дошт ва дар бораи сабабҳои зарурати чунин нишаст ба радиои Озодӣ ин тавр гуфт:

"Бар замми тазоде ки тасвирҳои танзомез ахиран ба миён оварданд, САҲА муқаррароти мухталифе дар мавриди кинаварзӣ дорад. Аслан мебояд аз холигоҳҳо дар таърифи ин падида ёд кард. Масалан, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаву Канада дар ин бобат фалсафаҳои гуногун доранд. Ё худ Русия, вақте аз матбуоти Амрико интиқод мекунад, ба муқаррароти хоси худ такия мекунад. Ҳанӯз пеш аз чопи карикотурҳо САҲА ба он фикр мекард, ки чӣ тавр мешавад, ин фарқиятҳоро аз байн бурд. Аммо чопи ин тасвирҳо ба конфаронс як самти нав дод ва воситаи олие шуд барои баррасии муқаррароти зидди танаффур."

Ба назари шумо, оё зарур аст, ки кишварҳои узв дар САҲА дар баробари кинаварзӣ ва танаффур дар матбуот мавзеъгирии ягона дошта бошанд?

"Ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон ва ягона пуштибони байнидавлатии озодии матбуот, ман аслан коҳиши ҳама гуна муақарраротро афзалтар медонам, то афзойиш ва ташдиди онҳоро. Аслан ман як вазифаи дугона дорам ва на танҳо бояд бо таҳаммулнопазирӣ мубориза кунам, балки ҳамчунин бо сӯистифода аз муборизаи давлатҳои узв бо ин падида низ рақобат дошта бошад. Набояд бо баҳонаи мубориза зидди тундравии миллию қавмӣ ё маҳзабӣ ҳукуматҳо рақибони худро саркӯб кунанд. Аммо набояд умедвор шуд, ки чунин конфаронс ба зуҳури назарияи ягонаи зидди кинатузӣ сабаб мешавад, вале ҳатто ҳамин нишон додани тазодҳо низ худ қадаме ба пеш хоҳад буд, ба сӯйи дарки масъала."

Дар бархе аз кишварҳои Аврупо, монанди Австрия ва Олмон сухани нафратангез, мисли радди Ҳолокост ё қатли оми яҳудиён, ҷумри ҷиноӣ шиохта шудааст. Ба ин чӣ назар доред?


"Озодии матбуот ҳадди аксари озодӣ ва танқид ва суолгузорӣ ва ҳатто озодии назарҳои ғайримаъмулро талаб мекунад. Вале ин ҳақиқати бебаҳс дар якчанд кишварбо вуҷуди иродаи нек бо тазод рӯбарӯст, зеро таърихи ин кишварҳо барояшон таълим медиҳад, ки сухани бад метавонад ба хушунат ва ҳатто ҷанг сабаб гардад. Дар Аврупо шарт нест, мо барои намуна ба давраи Ҷанги ҷаҳонии дуюм баргардем, кофист, югославии пешинро ба ёд орем, ки нафратпарокании давлатӣ дар телевизион миллатҳои гуногунро ҳадаф қарор медод."

Инҳо сабақҳое шумурда мешаванд, ки корбасти озодии суханро ба танзим овардаанд. Аммо оё паёмадҳои чопи корикотурҳои паёмбари ислом низ сабақе аз худ гузоштанд?

"То ин дам ақлу хирад муайян карданд, ки озодии сухан ва озодии дин арзишҳои ҳамсонанд. Кишварҳое ки ҳам таърихан ва ҳам қонунан озодии дин, мудоро ва тафоҳумро таъмин мекунанд бо кишварҳое монанданд, ки озодии баёнро таъмин менамоянд. Ҳамчунин як навъ хиради нашру таҳрир низ дар натиҷаи ин ҳодиса ҷо афтод, махсусан фаҳмиши ин ки мо дар як деҳаи пӯшида не, балки дар як ҷаҳони васеъ зиндагӣ мекунем. Аз сӯи дигар ин масъалаи чандандешӣ низ буд, ки бояд роҳи мутаммадине дар танқид ва баррасии арзишҳои дигарон ёфта шавад. Аз ин чиз бояд ҳимоят кард ва тафоҳуми тарафайнро таҳким бахшид, махсусан дар идроки арзишҳои исломӣ, аммо ҳамзамон бо идроки анъанаҳои демократии ҳуқуқ ба суол, ба танқид ва ҳатто ба фарҳанги тамасхур."

Миклош Ҳарашти, масъули САҲА дар умури озоди матбуот.
Дар ҷаласаи дигаре ки ин созмон баргузор кард, шабакаи ҷаҳонии интернет "дояи ҷиноятҳои воқеъӣ" номида шуд ва изҳори таассуф садо дод, ки ҳанӯз роҳҳои пешгирӣ аз нашри адоват дар шабакаи интернет пайдо нашудаанд.

ДӮСТӢ ВА СИЁСАТ

Шиори дӯстӣ ва коршарикии Тоҷикистону Русия ахиран бо фосилаҳои камтар ва аз минбарҳои баландтар бештару бештар садо медиҳад. Ин шиор ба тоҷиконе ки андаруни тобутҳои фулузӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, дахле надорад. Ва ба онҳое ки бегуноҳ аз тарафи милиса боздошт мешаванд, низ. Матбуоти Русия дар бораи ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург чанд матлаб нашр кард. Таҳлилгарон ҳушдор доданд, ки чунин муносибати нарм ба одамкушон метавонад, бароои худи ҷомеаи Русия паёмадҳои ногувор дошта бошад. Ду рӯз баъд аз ин ҳукм гурӯҳе аз сартарошидаҳои Русия шахсеро латукӯб карданд, ки маълум шуд, вазири фарҳанги яке аз ҷумҳуриҳои худи Русия аст. Аммо таҳлилгарон нагуфтанд, ки чаро чунин ҳодисаҳо ба амал меоянд ва ё нафарони олимартабаи Русия масъулияте дар ин вақоеъ доранд. Оё вақте ки масъули умуми Русия дар ҳуқуқи инсон, Владимир Лукин тоҷиконро як "ишғолгарии хазандаи Русия" меномад ва ё намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатӣ -- Котенков аз минбари порлумон фарёд мезанад, ки "кӯчаҳои Маскав пур аз тоҷикони гадо шудааст", ин ба маънои дастури куштани духтарчаи нуҳсолаи тоҷик нест? Давлати Худоназар, ки ин ҳафта дар нашрияи "Известия" аз куштори даҳҳо муҳоҷири тоҷик садои эътироз баланд кард, мегуфт, вақте дар болоҳо қонун як зарра вайрон мешавад, дар поёнҳо хунрезӣ ба амал хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG