Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни боздиди Аҳмад Юнус аз Тоҷикистон


Аҳмад Юнус, намояндаи мусалмонони Амрико бо як мулоқот бо Амонуллоҳ Неъматзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон сафари се рӯзаи худ дар Тоҷикистонро ба поён бурд. Вай дар ин миён бо ҷавонон, бо гурӯҳи донишмандон, муҳассилини исломӣ мулоқот кард ва ҳамчунин аз китобхонаи фарҳангистони улум ва аз чанд марказҳои интернетӣ дидан намуд. Оғои Юнус хулосаи худ аз вазъи Ислом дар Тоҷикистонро чунин шарҳ дод:
«Дар Амрико беш аз 6 миллион мусалмон ба сар мебарад, ва дар Тоҷикистон чун дар Амрико дигарандешӣ дар байни мусалмонон вуҷуд дорад. Ман дар Тоҷикистон дидам, ки гурӯҳе бо маърифати исломи клоссикӣ зиндагӣ доранд ва ин таълимоти исломро роҳи асосии зиндагии худ интихоб кардаанд. Дар айни замон, афроди дигаре ҳам ҳастанд, ки навгаро мебошанд ва таълимоти замонавӣ ба истилоҳ исломи мудернро дунбол доранд.»
Оғои Юнус гуфт, аммо вазъи Ислом дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунад. Ӯ мегӯяд, пас аз Туркманистон ва Қирғизистон ба Душанбе омад. Аммо вазъи Ислом дар ин кишварҳо ба гунаи мухталиф ҷой дорад. Вазъи сиёсии ин кишварҳо рӯшан аст:
«Дар Ишқобод азбаски диктатура вуҷуд дорад, озодии баён - озодии эътиқоду мазҳабӣ хеле маҳдуд аст. Дар Қирғизистон бошад, дигарандешӣ дар Ислом дида мешавад, дар Тоҷикистон бошад, ислом дорад рушд мекунад, пеш меравад аммо агар мехоҳед, ки аз лиҳози сиёсӣ баҳо диҳам, албатта ин кори ман нест, кори сиёсатмадорон аст. Ҳадафи аслии ман ба ҳам овардани мусалмонони Амрико бо мусалмонони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.»
Аҳмад Юнус, намояндаи Шӯрои мусалмонони Амрико гуфт, аз Узбакистону Қазоқистон дидан накардааст. Ҳамин тавр, субҳи шанбе оғои Юнус Тоҷикистонро ба қасди Амрико тарк хоҳад кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG