Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молии AFC ба мураббиёни футбол


Конфедератсиони футболи Осиё бар асоси лоиҳаи барномаи рушди мураббиёни риштаи футбол ба созмонҳои миллии 27 кишвари ин қора кӯмаки молӣ хоҳад расонд. Дар ин бора Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Конфедератсиони футболи Осиё зимни баргузории як давраи омӯзишии якрӯза, ки дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, иттилоъ дод. Вай афзуд ҳадаф аз кӯмаки молии мавриди назар мусоъидат ба рушди футбол аст ва он аз роҳи ихтисоси маъош барои муррабиён, бахусус мураббиёни кӯдакону наврасон дар ихтиёри конфедератсияҳои миллии футболи 27 кишвари осиёии қарор хоҳад гирифт. Ба қатори ин кишварҳо аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ -- Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомиланд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG