Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Тоҷикистон ба пизишкон


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар дар маҷмӯъ ба ҳудуди даҳ ҳазор пизишк ва корманди соҳаи беҳдошт ниёз дорад. Шурӯъ аз соли 1950, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъсис ёфта буд, ҳар сол ҳафтуми апрел ҳамчун рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ таҷлил мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар ин рӯз таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба яке аз масоили мубрами соҳаи беҳдоштӣ ҷалб месозад ва мушкили аслии соли 2006 нарасидани кадрҳо ва мутахассисин дар соҳаи беҳдошт эълом шудааст. Дар варақае, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бастагӣ ба ин мушкил интишор додааст, омадааст, ки ҷаҳон мувоҷеҳи камбуди шадиди мутахассисини соҳаи беҳдоштӣ мебошад, ва ин мушкил бар асари маблағгузории нокофӣ дар таълим ва тарбияи кадрҳо, шароити бади кор ва маоши пасти кормандони соҳаи тиб пеш омадааст. Бахшибек Гадоев, сардори идораи захоири кадрӣ ва илмии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон бештар навоҳии дурдасти кишвар аз нарасидани мутахассисини тиб мушкил мекашанд. Ҷаноби Гадоев гуфт, бинобар камии маош хатмкардаҳои Донишгоҳ ва донишкадаҳои тиббӣ аз рӯи ихтисос кор намекунанд ва ба деҳот намераванд. Шумораи маҷмӯъии кормандон (кадрҳои олӣ ва миёна) дар муассасоти тиббии кишвар беш аз чиҳил ҳазор будааст ва имрӯз Тоҷикистон ба тақрибан 3,5 ҳазор кадри олии соҳаи тиб ва ҳудуди 6.000 кадри миёнаи соҳаи тиб ниёз дорад. Аз ҷумла, дар муассасоти тиббии шаҳри Душанбе 350 кадри олӣ ва беш аз 1,5 ҳазор кадри миёнаи соҳаи тиб намерасидааст. Дар рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳамчунин баргузории чорабиниҳои илмиеро рӯи даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG