Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар Рашт ташкил шуд


Ҳизби Аграрии Тоҷикистон намояндагии худро дар ноҳияи Рашт таъсис дод. Тибқи гуфтаи Саидҷамол Бекмуродов, масъули раштии ин ҳизб, дар ин ноҳия, ҳизб, феълан, 30 ҷонибдор дорад ва умед аст, ин теъдод афзоиш ёбад, зеро асоси зиндагии сокинони водиро маҳз кишоварзӣ ташкил медиҳад. Оқои Бекмуродов мегӯяд, Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар қадами аввал мавқеъи кишоварзонро аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳимоят ва ҷиҳати беҳбуди рӯзгори мардум барномаҳо тарҳрезӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, имрӯз дар бахшҳои умдаи кишоварзӣ дар муқоиса бо замони Шӯравӣ мизони тавлидот маротибаҳо коҳиш ёфтааст ва бинобар ин соҳаи мазкур ба дастгири ҳамаҷониба ниёз дорад. Аз ин рӯ, афзуд Саидҷамол Бекмуродов, Ҳизби аграрӣ фаъолити хешро дар ҳамин самтҳо густариш хоҳад дод. Ҳизби аграрии Тоҷикистон пас аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби демократи Тоҷикистон - панҷумин ҳизбест, ки аз ҳузури хеш дар минтақа дарак медиҳад. Аммо тавре масъули раштии Ҳизби аграрии Тоҷикистон Саидҷамол Бекмуродов мегӯяд, онҳо то имрӯз соҳиби утоқи корӣ набуда аъзои он ҳанӯз бо шаҳодатномаи ҳизбӣ таъмин нашудаанд.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG