Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии гузориши солонаи Бонки Осиёии Рушд


Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зимни нишасте, гузориши солонаи худ роҷеъ ба вазъи рушди иқтисодии минтақаи Осиёро муаррифӣ кард. Нирал Лейн намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфт: "Дар Осиёи Марказӣ мо ба ду ҷиҳати иқтисод мувоҷеҳ ҳастем. Яке иқтисоди кишварҳое, ки манобеи энержиро дар ихтиёр доранд ва дигаре иқтисоди кишварҳое,ки аз чунин захираҳо бебаҳраанд. Қазоқистон ва Озарбойҷон ба далели доштани чунин захиори энержӣ пешрафти қобили мулоҳизае кардаанд. Ҳатто Туркманистон низ.Вале Қирғизистон, Ўзбакистон ва Тоҷикистон дар ин ҷиҳат ақиб мондаанд".Дар ин гузориш ду омили коҳиши миёни тавлидоти миллӣ зикр шудааст. Яке кам шудани майдони кишти пахта то 20 дарсад назар ба ду соли қабл ва мушкилоти фаровони ниҳодҳои кишоварзӣ ва дигаре коҳиши тавлидоти алюминиюм.Дар ин гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки ба сурати бунёдӣ фазои сармоягузорӣ дар кишварро мусоид кунад ва раванди ислоҳоти ҳокимияти давлатиро суръат бахшад
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG