Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти Тоҷикистон аз дастаи футболи Қирғизистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар охирин дидори худ дар марҳилаи муқаддамотӣ барои дарёфти Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиё рӯзи панҷшанбеи 6 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и пойтахти Бангладеш- шаҳри Дакка аз тими Қирғизистон бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. Ҳамлагари қирғизҳо Андрей Краснов дар дақиқаи 22-юми қисми аввали бозӣ тӯбро вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон кард. Ба ин тартиб тими Тоҷикистон пас аз ду пирӯзӣ ва як бохт бо шаш имтиёз ба мақоми нахусти гурӯҳи «D» даст ёфта, ба нимфинал баромад.Тими Покистон, ки севвумин дидори худро бо дастаи Макао бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом дод, бо чаҳор имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Дастаи Қирғизистон бо се имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунад. Тими Макао бо як имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳорум мебошад.Соҳиби роҳхати дуввум ба давраи чаҳорякниҳоӣ пас аз анҷоми бозии охирини ин гурӯҳ миёни дастаҳои Қирғизистон ва Макао рӯзи ҷумъаи 7 апрел муайян хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG