Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Аҳмад Юнус бо донишмандони тоҷик


Раиси Шӯрои Исломии Амрико Аҳмад Юнус дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо гурӯҳе аз кормандони илмии ин марказ мулоқот намуда, аз вазъи кору зиндагӣ ва ҷойгоҳи мусулмонон дар ҷомеаи Амрико сӯҳбат кард.Вай гуфт, имрӯз беш аз 80 дарсади пайравони ислом дар Амрико дар бахшҳои мухталифи ин кишвар машғули фаъолиятанд.Юнус аз фаъолияти Шӯрои Исломии Амрико ёдовар шуда, гуфт, шӯрои мазкур ба унвони як созмони ҷамъиятӣ дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи мусулмонон, ҳамчунин дар мусоидат ба ҳамгироии онон дар ҷомеъаи Амрико корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.Ин шӯро аз имтиёз ва ҳуқуқҳои баробар бо дигар ҷамъиятҳо бархурдор аст. Раиси Шурои исломии Амрико 6 апрел ҳамчунин бо мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Наҷот» низ мулоқот намуд.
XS
SM
MD
LG