Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи норинҷӣ барқарор мешавад


Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин гуфтааст, қадами блоки сиёсии вай ба суи ваҳдати дубораи нируҳои инқилоби норинҷӣ метавонад оғози музокирот бошад. Ҳизби "Укроини мо" ба раҳбарии оқои Юшенко тарҳи мувофиқатномаеро таҳия кардааст, ки усули иттиҳод бо блоки хонум Юлия Тимошенко ва Ҳизби Сусиёлистро пешбинӣ мекунад. Ин се нируи сиёсии Укроин дар эътилоф бо якдигар метавонанд дар порламони тозаинтихоб аксарияти ороро соҳиб шаванд. Эътилофи мазкур моҳи сентябри соли гузашта замоне, ки Юлия Тимошенко аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд, аз ҳам пошида буд.
Акнун хонум Тимошенко мегуяд, ки аз гузашта сабақҳои хубе доранд ва ҳоло душвориҳои мавҷуда рафъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин мегуяд, ҳизби Виктор Янукович, яъне Ҳизби Минтақаҳо, ки аз Руссия ҷонибдорӣ мекунад ва дар интихоботи порламонӣ мақоми аввалро ба даст овардааст, бояд аз мадди назар дур гузошта нашавад.
XS
SM
MD
LG