Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо Лукашенкоро раиси ҷумҳур намешиносад


Порламони Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хост, Александр Лукашенкоро ба унвони раиси ҷумҳури Белорус ба расмият нашносанд. Дар як қатъномаи маҳдудкунанда намояндагони Порламони Аврупо дархост карданд, ки рафту омад ба Белорус мамнуъ ва дороии мақомоти ин кишвар, ки дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, мунҷамид эълон шавад. Порламони Аврупо ҳамчунин аз Руссия интиқод кард, ки аз интихоби муҷаддади Александр Лукашенко ҷонибдорӣ кардааст. 19-уми марти соли ҷорӣ дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва Иттиҳодияи Аврупо натиҷаҳои онро тақаллубӣ хонд. Дар қатъномаи Порламони Аврупо равиши Руссия нисбат ба интихоботи Белорус равиши бемасъулиятона арзёбӣ шудааст, ки метавонад ба сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба Белорус халал ворид кунад. Қатъномаи мазкур дар ҳоле мунташир шудааст, ки ҳафтаи оянда, яъне 10-11-уми апрел вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳдудиятҳо бар зидди мақомоти Белорусро баррасӣ мекунанд, мақомотеро, ки дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд.
XS
SM
MD
LG