Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони" Вахш" муайян шуданд.


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мувофиқи қуръакашии дуввуми давраи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси Конфедератсиони футболи Осиё,ки дар пойтахти Камбоҷа ; шаҳри Пномпен баргузор шуд, дар гурӯҳи «В» рақобат хоҳад кард. Ҳарифони дастаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон тимҳои «Мананг Маршиангди Клаб»-и Непал, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва СК «Ратнам»-и Шри-Ланка мебошанд.

Ба гурӯҳи «А» тимҳои «Покистон Арми»-и Покистон, «Кхемара»-и Камбоҷа, «Транспорт Юнайтед»-и Бутан ва «Татунг»-и Тайван дохил шуданд. Мусобиқот аз 10 то 20 майи соли равон дар пойтахти Камбоҷа барпо мешавад.

Дастаи ғолиб бо Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ба финал мебарояд, 25 ҳазор доллар супурда мешавад. Ҳамчунин барои омодагӣ ҳар як дастаи ширкаткунандаи мусобиқот боз 15 ҳазор доллар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC соли гузашта дар Непал дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии ниҳоӣ бар « Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуда буд.
XS
SM
MD
LG