Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ян Кубиш дар Қирғизистон


Рузи чаҳоршанбе боздиди Ян Кубиш-фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон идома дошт. Вай дар ҷараёни ин боздид бо раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот кард. Яке аз мавзуъоти муҳими матруҳа дар мулоқотҳои оқои Кубиш бо ин созмонҳо вазъи сиёсии Қирғизистон ва масоили марбут ба дурнамои ҳамкориҳои ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо буд. Рузи панҷшанбе боздиди Ян Кубиш аз Қирғизистон ба поён мерасад. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки ду ҳафтаи пеш, яъне 24-уми март дар Қирғизистон мардум солгарди инқилоби лолаиро таҷлил карданд. Дар натиҷаи ин инқилоб Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешин аз раҳбарӣ барканор шуд.
XS
SM
MD
LG