Пайвандҳои дастрасӣ

Лайло Фуруҳар дар Тоҷикистон чор контсерт хоҳад дод


Ҳунарманди шинохтаи эронӣ Лайло Фуруҳар тасмим гирифтааст аз 8 то 12 апрел дар Тоҷикистон чор контсерт барпо намояд. Зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Стокҳолм Лайло иброз дошт, ки ӯ 5 апрел ба Тоҷикистон расида, дар чанд рӯзи аввал бо Тоҷикистон ва мардуми ин кишвари форсизабон аз наздик ошно хоҳад шуд. Лайло аз синни сесолагӣ дар саҳнаи ҳунари Эрон аст. Ӯ дар солҳои ҷанги Эрону Ироқ Ҷумҳурии исломиро тарк намуда, ибтидо ба Туркия, сипас ба Олмону Фаронса ва аз он ҷо ба ИМА кӯч баст. Инак наздик ба 20 сол аст, ки Лайло дар шаҳри Лос-Анҷелес иқомат дорад. Лайло дар Тоҷикистон ҳаводори зиёд дорад. Баъзе сарояндагони тоҷик ӯро барои худ намуна қарор додаанд.
Ҳафтаи гузашта овозхони дигари эронии муқими ИМА Саттор аз Тоҷикистон зиёрат намуда, дар ин ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG