Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни размоиши муштараки Тоҷикистон ва Руссия


Бузургтарин размоиши муштараки низомии Русияву Тоҷикистон дар соли равон баъд аз зӯҳри 5 аперел дар машқгоҳи низомии Лоҳур, 40 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ба поён расид. Дар ин размоиш гурӯҳҳои махсуси гурдони пиёданизоми пойгоҳи низомии 201 Русия ва ҳамчунин беш аз 100 нафар муҳассилини донишкадаи низомии Вазорати дифоъи ин кишвар ширкат ҷустанд ва бо иҷрои як тарҳи муштараки низомӣ наҳваи танзими амалиёт дар майдони ҷанг ва усулҳои токтикии дафъи ҳамалот ва маҳви душмани рамзиро тамрин карданд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти пойгоҳи низоми 201, Русия дар Тоҷикистон ҳангоми иҷрои амалиёти тамринӣ алайҳи душмани рамзӣ, яъне гурӯҳҳои ба истилоҳ террористӣ 100 адад тонку зиреҳпӯш, дастгоҳҳои мухталифи мушакандоз ва чархболу ҳавопаймоҳои ҷангии пойгоҳи низомии Русия ба нируҳои пиёданизом ҳимоят мекардаанд. Фармондеҳии размоиши муштаракро Алексей Завизин фармондеҳи кулли пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда дошт ва бар ҷараёни он ҳамзамон ба таври мустақим раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъи ин кишвар назорат мекарданд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, қасд дорад соли ҷорӣ бо ширкати ҷузу томҳои мухталифи пойгоҳи низомии 201-и Русия чанд размоиши дигари муштарак анҷом диҳад.

Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG