Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари як масъули Шӯрои мусалмонони Амрико ба Тоҷикистон


Аҳмад Юнус, мудири шӯрои мусалмонони Амрико дар умури равобити иҷтимоӣ зимни як сафари расмӣ рӯзи чаҳоршанбе, панҷуми апрел вориди Тоҷикистон шуд ва тибқи барномаи сафар пас аз зӯҳри ҳамин рӯз бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд. Вай пас аз ин мулоқот дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии сафараш ба Тоҷикистон ва ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ошно шудан бо вазъи мусалмонон ва ҷомеаи исломии ин кишварҳо, аз ҷумла бо вазъи ҷавонони ин минтақа мебошад. Ӯ гуфт, мехоҳад бидонад, ки мусалмонон дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ чӣ нақшеро ифо мекунанд. Аҳмад Юнуc гуфт, ҳамчунин, дар дидорҳояш роҷеъ бо нақши мусалмонони Амрико дар ҷомеаи ин кишвар сӯҳбат мекунад. Ӯ гуфт, умед дорад, сафари ӯ ба наздик шудани равобит ва муносиботи мусалмонони Осиёи Марказӣ бо бародарони муслими амрикоияшон мусоидат хоҳад кард. Табқи барномаи сафар, қарор аст, Аҳмад Юнуc бо мақомоти расмии Тоҷикистон, масъулини умури мазҳабӣ ва бо ҷавонон, аз ҷумла, муҳассилини Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG