Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати маҳбусони "Гуантанамо" нашр шуд


Тибқи қарори Додгоҳи шаҳри Ню Йорк Вазорати дифои Иёлоти муттаҳидаи Амрико маълумотро дар мавриди маҳбусони зиндони низомии пойгоҳи Гуантанамо ифшо кард. Дар маҷмӯъ 3000 санади махфӣ дар мавриди маҳбусони зиндони Гуантанамо нашр шудааст. Брайн Уитман, намояндаи Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки мо ҳамзамон бо ин аснод ному насаб, миллат ва шаҳрвандии маҳбусони Гуантанамаро нашр намекунем.
Ин дар ҳолест, ки саҳифаи интернетии http://www.cageprisoners.com феҳрасти 807 зиндонии Гуантанаморо, ки қисме аз онҳо ҳамроҳ бо акс мебошад, нашр кардааст. Дар ин феҳраст миллият ва шаҳрвандии қисмате аз ин маҳбусон мушаххас нашудааст. Аммо дар мавриди нашри маълумот дар бораи маҳбусони зиндони Гуананамо вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард ва ҳамчунин гуфт, ки дар мавриди теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин зиндон маҳбусанд, маълумоти дақиқ надорад.
Ин дар ҳолест, ки сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд, рӯзи сешанбеи 4 апрел, ба суоли радиои «Озодӣ», дар мавриди теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шомили феҳрасти мазкур ҳастанд, гуфт: "Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндони низомии мустақар дар Гуантанамо раҳо шудаанд ва қарор аст як қисмати дигар аз ин зиндониён низ озод шаванд. Мо дар ин масъала бо Ҳукумати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ дорем. Вале дар мавриди ҷузъиёти бештар роҷеъ ба зиндониёни тоҷики Гунатанамо маълумоти дақиқ дар даст надорем. Мо дар ин маврид наметавонем маълумоти дақиқ пешниҳод кунем, ин салоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки асноди зарурӣ барои бозгашти маҳбусони тоҷик аз зиндони Гуантанаморо омода мекунад. Вале рақами мушаххасеро ном набурд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG