Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ муҳофизи Маҳмуд Худойбердиев аз озодӣ маҳрум шуд.


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон рӯзи чаҳоруми апрел Иброҳим Маъруфов, собиқ муҳофизи полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиевро бо ҷурми куштор ва узвият дар воҳиди низомии ғайриқонунӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Носирҷони Маъмурзода, хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, ки Иброҳим Маъруфов аз соли 1997 дар пайгард қарор дошт. Додситон барои ӯ 17 соли зиндон тақозо кардааст, вале додгоҳ собиқ муҳофизи Маҳмуд Худойбердиевро ба даҳ соли зиндон ҳукм намуда ва аз ин, панҷ солро мувофиқи қонун дар бораи афви умумӣ аз эътибор соқит кардааст.
Ашӯралӣ Мирзоев, додситони низомии гарнизони Қӯрғонтеппа ба хабарнигори радиои Озодӣ дар маркази идории вилояти Хатлон гуфт, қаблан, чаҳор узви дигари гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Хатлон боздошт ва аз озодӣ маҳрум шуда буданд.
XS
SM
MD
LG