Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба даври 4/1-ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳхат гирифт


Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи чаҳоруми апрел дар дуввумин бозии худ дар Ҷоми даъвати Осиё дар шаҳри Даккаи Бангладеш тими Покистонро бо ҳисоби ду бар сифр шикаст дод ва сарфи назар аз натиҷаи бозии саввум ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар ин бозӣ тӯбҳоро Ҳакимов дар дақиқаи 14 ва Эргашев дар дақиқаи 19 аз ҷаримаи 11-метра вориди дарвозаи покистониҳо сохтанд. Дар гурӯҳи D, ки ҳамакнун Тоҷикистон пешсафаш аст, ҳамчунин бегоҳи имрӯз тими Макао бо тими Қирғизистон қувва меозмоянд. Бар иловаи Тоҷикистон, ҳамчунин тимҳои Фаластин ва Бангладеш аз гурӯҳи C ва тими Шри - Ланка аз гурӯҳи B ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифтаанд. Воқеъан, мувофиқи як назарсанҷии сомонаи интернетии Конфедеросюни фтуболи Осиё, шонси бештари пирӯзӣ дар Ҷоми Даъвати Осиё дар соли 2006-ро тими Тоҷикистон доштааст. Ба ғалабаи Тоҷикистон ҳудуди 35 %-и раъйдиҳандагон итминон доштаанд.
XS
SM
MD
LG