Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо Лайло Фуруҳар дар арафаи сафари ӯ ба Тоҷикистон


Р.О.
Сафари ҳунарии Шумо ба Тоҷикистон кай оғоз меёбад ва Шумо дар кадом шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳед кард?
Лайло:
" Ман қарор аст, аз таърихи ҳаштум то дувоздаҳуми апрел контсерт дошта бошам, вале худам панҷуми апрел ба Тоҷикистон меравам. Шунидаам, ки мардуми Тоҷикистон хеле ҳунари моро дӯст доранд ва дар Тоҷикистон ҷойҳои зебои диданӣ хеле зиёд аст. Дӯст дорам, ки ҳамаи онро бубинам. Дар масъалаи барномаам ҳоло чизе гуфта наметавонам, ҳамааш рӯзҳои оянда дақиқ хоҳад шуд. Мушаххасан метавонам гӯям, ки контсертҳои ман дар Тоҷикистон аз ҳаштум то дувоздаҳум апрел барпо мешаванд.
Р.О.Оё аснои зиёрат аз Тоҷикистон бо кадом яке аз ҳунармандони тоҷик барномаи муштарак пешкаш хоҳед кард?
Лайло:
" Яке аз хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон оқое ҳастанд, ки қарор аст, ҳамроҳ бо ӯ як оҳангро дусадоӣ иҷро намоем. Вале мутаассифона исмашонро намедонам.
Р.О.
Аз контсертҳои наврӯзӣ чӣ эҳсос доред?
Лайло:
"Хуб аст, дар замоне, ки мардум мехоҳанд ҷашн бигиранду пойкӯбӣ кунанд, шахс дар канори ҳамватананонаш бошад. Хеле вақтамон хуш гузашт. Як миқдор сафарҳо пушти сари ҳам омаданд, хаста кунанда буд. Ман дар Аврупо будам, аз он ҷо ба Дубай рафтам, шаби баъдаш аз Дубай ба Туркия рафтам, хуллас, каме хаста шудам. Вале дидори ҳамватанони хубу азизамон, махусусан, онҳое, ки аз Эрон меоянд ба мо ҳунармандон ҷону рӯҳи тоза мебахшад.
Р.О.Шумо қабл аз оғози таҳсил дар мадраса дар саҳна ҳунарнамоӣ кардаед. Мехостам дар ин бора каме тафсилот медодед.
Лайло:
"Тавре ҳама медонанд, падару модарам ҳунарпешаи театр буданд. Ман аз синни сесолагӣ рӯи саҳна мерафтам, саҳнаи театри "Сипоҳон"-и Исфаҳон. Баъд мо ба Теҳрон кӯчидем. Ҳамон замон ҳунапешаи синамо Ҳумоюн бо холаи ман издивоҷ кард. Оқои Ҳумоюн маро ба чанд коргардони маъруфи синамо ошно кард ва онҳо хушҳол шуданд, ки маро пайдо карданд. Ман як духтари панҷсола будам, ки метавонистам воқеан мисли булбул ҳарф бизанаму дар ҷилави дурбин бозӣ кунам. Ҳамон замон бо ман ду филм сохтанд. Яке "Муроду Лола" буд ва дигаре "Хурӯси Ҷангӣ". Ҳамин тариқ то сездаҳсолагӣ дар синамо бозӣ кардам. Вале аз сездаҳсолагӣ синнам ба ҷое расид, ки наметавонистам нақши як духтари хурд ва ё духтари бузургро бозӣ кунам. Аз чордаҳсолагӣ овозхониро шурӯъ кардам ва то шонздаҳ-ҳабдаҳ солагӣ дар саҳна овозхонӣ мекардам. Баъд боз ба Синамо баргаштам. То замони инқилоб тақрибан дар даҳ филм ҳунарнамоӣ кардам.
Баъд тақрибан ҳашт сол дар Эрон будам. Қабл аз он ки мушакборони Эрон оғоз ёбад, яъне дар замони ҷанг, ман ба Туркия рафтам. Аз он ҷо рафтам ба Олмону сипас ба Фаронса. Ду сол дар Фаронса будам. Баъд ба Амрико рафтам ва то ба имрӯз дар Амрико ҳастам."
Р.О.
Дар девори хонаи яке аз дӯстонам, ки ҳаводори сарсупурдаи шумо мебошад, акси Шумо овехта шудааст. Ин акс тақрибан понздаҳ-бист сол инҷониб рӯи он девор аст, вале агар он аксро бо акси имрӯзаи шумо муқроиса кунем, фарқи бузург ба чашм намехӯрад.
Лайло:
"Ман ҳеҷ ҷодуе намекунам. Агар ҳар инсон солим зиндагӣ кунад ва саъй кунад, ки роҷеъ ба дигарон бад фикр накунад, ҳамеша мусбат фикр кунад, ҳамаро дӯст дорад, ишқро нисбат ба хонавода, дӯст ва атрофиёнаш ба маънои воқеъӣ бифаҳмад, ин масъалаҳо дар рӯҳияи инсон хеле муассир аст. Аммо масъалаи аслӣ ин аст, ки он нерӯе, ки ман аз мардум мегирам... ҳар дафъае ман рӯи саҳна меравам,... фикр мекунам, ки ман чор-панҷ сол ҷавон мешавам. Мо парершаб барномае дар Туркия доштем. Тамоми ҷамъият аз Эрон омада буд. Аслан намедонед, ки чӣ ишқе медоданд. Чӣ муҳаббате доштанд... Шумо намедонед, ки ин масъалаҳо чӣ таъсири мусбат доранду имкон медиҳанд мо ҷавонтару сариҳолтар бошем".
XS
SM
MD
LG