Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони нави Тоҷикистон дар Ҳиндустону Покистон


Дар ҳукумати Тоҷикистон як силсила тағйироти тозаи кадрӣ ба амал омада ва мувофиқи фармони раиси ҷумҳури ин кишвар, як қатор масъулин аз мансабҳои худ барканор ва бархеи дигар ба вазоифе таъин шудаанд. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Салоҳиддин Насриддинов, ки қаблан ниёбати вазири умури хориҷиро бар дӯш дошт, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шудааст. Дар ҷои оқои Насриддинов, Абдулло Юлдошев муовини вазири умури хориҷӣ таъин гардидааст. Саидбек Саидов - сафири Тоҷикистон дар Покистон, Аюб Очилов - раиси ноҳияи Спитамен ва Файзуллохон Юсуфов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт таъин шудаанд.
XS
SM
MD
LG