Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиряи фариштаҳо ба ҳоли атфоли тоҷик


«Ҳуҷҷатҳои фаромӯшшуда ва ё кадрҳои болаёқати соҳаи маориф пир мешаванд, аспирантони ҷавон рисолаҳояшонро ҳимоя карда наметавонанд. Чӣ бояд кард?»
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо нашри як мақола кӯшиши дарёфти посух ба ин суолро кардааст. Нашрия менависад, аспирантҳое, ки дар 13 мактаби олӣ таҳсил мекунанд, дониши казоӣ надоранд. Ба гуфтаи нашрия, тайи 5 соли ахир аспирантураро 385 нафар ҷавонон хатм кардаанд, ки танҳо 29 нафари онҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанду боқӣ не.

Муаллифи мақола менависад, вазорати маориф бояд сари ин мавзӯъ зудтар биандешад, зеро зиёда аз 65 дар сади олимону омӯзгорони унвондори мактабҳои олӣ дар синни нафақа ҳастанд ва ҷойи онҳоро бояд аз ҳисоби ҷавонони донишманд пур кард.

Дар пайи мушкилоти соҳаи маориф ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳамчунин мушкили аз таҳсил дур мондан ва рӯ ба бозору хиёбон овардани кӯдакону наврасони тоҷикро таҳлил мекунад.
«Фариштаҳо ҳам мегирянд» ном дорад ин мақола. Ва муаллифони ҷавони он Некрӯзи Муҳаммад ва Ҷанобил Музафарзода баъд аз таҳқиқи вазъи кори кӯдакон, аз ҳаёти сахти атфоли талбандаву, коргар ва духтарони танфурӯш қисса мекунанд. Муаллифон мисраи достони Мирзо Турсунзода,

"Кӯдаке мегашт бо қутии худ,
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд"

ёдовар шуда, навиштаанд, ин мисраҳоро як вақт одамон мехонданду афсона мепиндоштанд, бехабар аз он, ки баъди даҳсолае аз қавми онҳо низ қишре кӯдакони қуттидор бархоҳанд хест.

Мавзӯи дигаре, ки рӯзномаи "Миллат" ба он пардохтааст, шеваи суханронии ҷавонони тоҷик аст. Нашрия ба санъати суханронии аксари ҷавонону калонсолон баҳои 1 дода, аз вазъи забондонии ҷавонон изҳорӣ нигаронӣ мекунад.
Муаллифи мақола Соҳибёри Толиб - донишҷӯи Донишгоҳи Омӯзгорӣ менависад кӯр-кӯрона аз ёд кардани 10 ҳиссаи нутқ ва боз кадом як меъёрҳои бегона маънои ба хуби донистани забони тоҷикӣ нест,
Ва чанд ҷумла аз он мақола: «Ёздаҳ сол дар мактаб дарси забон мехонему мурданак қоида азёд мекунем, панҷ сол дар донишгоҳ дарси забон мехонему ҳоламон боз ҳамон, аммо ҳангоме, ки ногаҳон риштаи суханро ба мо медиҳанд, риштаи ҳарос ба гулӯямон ҳалқа мезанад. Хулоса, забони тоҷикӣ имрӯз ятими бепарастореро мемонад, ки дар ҷазираи уқёнусе танҳо монда. Ва чанд муррабии ангуштшумор наметавонанд, қаиқе сохта ин ятими пирро аз марг наҷот бахшанд.»

Хабарнигори ҳафтаномаи "Азия Плюс" муштариёнашро ба дискоклубҳои Душанбе бурдааст. Ба навиштаи муаллиф, одатан дискоклубҳои пойтахт рӯзҳои ҷумъа ва шанбе, хеле серодаманд, ва муштариёни доимии ин тафреҳгоҳҳо донишҷӯёну ҷавонони аз 17 то 20-солаанд. Аммо меҳмонони дигари дискоклубҳо мардони хориҷӣ низ будаанд, ки ба гуфтаи хабарнигори «Азиа Плюс» духтарони маҳаллӣ бо ҳар баҳона кӯшиш мекарданд, онҳоро шефтаи худ созанд.
XS
SM
MD
LG