Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагиномаи Саттор


Овозхоне, ки ба номи Саттор қалби ҳазорон нафарро дар сарзаминҳои порсигӯ тасхир карда, соли 1950 дар шаҳри Теҳрон чашм ба ҷаҳон гушуд. Ононе, ки Саттори кучулуро дида буданд, аз кӯдаке шӯху чолок ва хушқареҳа суҳбат мекунанд. Вай бо падару модараш дар маҳаллаи Шаҳёди Теҳрон зиндагӣ мекард, ки акнун тандиси Озодӣ дар ҳамин маҳалла нумоди пойтахти Ирон шуда. Саттор, ки он замон исми кӯчакаш Ҳасан буд, ба варзиш, ба вижа футбол алоқаи фаровон дошт ва дар тимҳои футбол бозӣ мекард. Ин алоқаи вай ба футбол ҳамчунон бо ӯ монд ва дар синини ҷавонию миёнсолӣ низ бадаш намеомад тӯбро лагад бизанад. Тайи даврае ҳам Саттор копитони тими футболи ҳунармандон буд.

Ҳарчанд лагадҳои ӯ тӯбро ба баландиҳо парт мекард, аммо ҳамоно ҳунари овозхониаш буд, ки шуҳрати ӯро ба баландо бурд. Саттор касе набуд, ки аз бекорӣ ба овозхонӣ пардохта бошад. Овоз хондан ҷузъе аз сиришти ӯ буд. Аз ҳич навъи мусиқӣ наметарсид ва бо ҷуръати тамом ҳам мусиқии суннатӣ мехонду ҳам мусиқии поп ва гоҳо ин дуро ба якдигар дармеомехт ва омезаи дилнишине ҳосил мешуд.

Аммо оҳанге, ки Сатторро барои маҳофили густардатаре муъаррифӣ кард, таронаи "Хонабадӯш" буд, ки барои филми "Хонабадӯш", ба коргардонӣ ва бозигарии Парвизи Кордон навишта шуда буд. Он гоҳ Саттор 22 сол бештар надошт ва номаш дар Ирон ба авҷи шуҳрату маҳбубият расид. Манзур оҳанги "Хонабадӯш"-е нест, ки дар Тоҷикистон бисёр маъруф аст ва мисроъи аввалаш "Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест" аст. "Хонабадӯш"-и мавриди назар оҳанги қадимии мусиқии попи Ирон аст, ки ин гуна оғоз мешавад:

По ба ҳар ҷое мизоре одами хонабадӯш,
Муҳлати мундан надоре одами хонабадӯш.
Зиндагиш йе лаҳза холӣ, зиндагиш йе лаҳза пур,
Зиндагиш йе кӯлаборе одами хонабадӯш.

Овози дилнишини ӯ таваҷҷуҳи хонаводаи салтанатии Иронро низ ба худ ҷалб кард ва ӯ ба ҷамъи хонандагони хонадони Паҳлавӣ пайваст. Садову симои Ирон низ ба Саттор муҳаббати вофир нишон медоданд. Дар натиҷа Саттор маҷбур буд беш аз пеш тарона бихонад, то ташнагии ҳаводорони бешуморашро лоақал то андозае бишканад. То кунун вай ҳудуди 200 оҳангу тарона иҷро карда, ки бисёре аз онҳо ба осори мондагори мусиқии Ирон пайвастааст. Барои намуна, ман мутмаиннам, ки бисёре аз шумо оҳангҳои қашанги "Гули сангам", "Шозда-хонум", "Ҳамсафар", "Гули пуна" ва "Садои борун"-ро шунидаед ва меписандед.

Саттор ба хотири ҳунару қареҳаи волои мусиқӣ аз сӯи Муассисаи байналмилалии олии мусиқӣ (IFSI) ба дарёфти дуктурои ифтихории риштаи мусиқӣ ноил шуд.

Сомонаи интернетии расмии Саттор ӯро "Фронк Синотрои порсӣ" унвон карда ва ҷое дигар ӯ мегӯяд, ки дӯстону хонаводааш низ ӯро чунин меноманд.

Ва аммо алоқаи бепоёни Саттор ба анвоъи гунагуни мусиқӣ ва наздикии ӯ ба хонадони салтанатӣ боъис шуд, ки соли 1978 дар пайи ошӯбҳои инқилоби исломии Ирон Саттор кишварашро ба қасди Омрико тарк кунад. Тарки Ирон аз дардҳои зиндагии Саттор аст, ки дар оҳангҳояш бозтоб ёфтааст. Саттор дар Лус Онҷелес сокин шуд, дар шаҳре, ки баъдан ба хотири мизбонии шумори зиёди ҳунармандони иронӣ миёни форсизабонон ба "Теҳронҷелес" маъруф шуд. Саттор дар ҳамон шаҳр бо бонуе издивоҷ кард, ки ду духтари 8-сола ва 5-сола дошт, бо номҳои Шайно ва Шайдо. Пас аз муддате ҳосили издивоҷи ин хонум бо Саттор низ ба дунё омад. Духтарбачае дигар бо номи Шайло.

Ҳамон гуна ки бинандагони хушшонси кунсертҳои Саттор дар Кохи Борбади Душанбе шоҳидаш буданд, вай ҳанӯз балад аст чи гуна дар саҳна барои тарафдоронаш бидурахшад ва садои дилнишинашро раҳо кунад. Ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, Саттор дар зумраи дурахшонтарин ситораҳои мусиқии попи Иронзамин аст.
XS
SM
MD
LG