Пайвандҳои дастрасӣ

Дарёфти раводид осонтар мешавад


Игор Сатторов, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Родиёи Озодӣ изҳор намуд, айни ҳол вазорат таҳияи асноди зарурӣ ҷиҳати сода кардани низоми дарёфти раводиди Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишварҳои мазкурро шурӯъ кардааст ва ин санад дар тули як моҳ омода хоҳад шуд:

Феълан Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ғайр аз Ӯзбакистон ва Турманистон созишномаи равуои бидуни раводид барои шаҳрвандони худ ва ин кишварҳоро дорад. Бо дигар кишварҳои ҷаҳон бошад, созишнома дар мавриди равуо дар асоси раводид вуҷуд дорад ва дар зимн ин равоуоро танзим мекунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази пажуҳишҳои стротежии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, феълан низоми дарёфти раводиди Тоҷикистон - иллати аслии вуруди сармояи кам ба кишвар мебошад.
Тибқи қарор, дар консулгариҳои Тоҷикистон мӯҳлати баррасии таҳияи аснод барои дарёфти раводид аз 45 рӯзи феълӣ то се рӯз коҳиш дода хоҳад шуд.
Моҳи декабри соли гузашта созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон дар асоси як номаи боз аз Эмомалӣ Раҳмонов хостори содда кардани низоми дарёфти раводиди Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Исроил ва Ҷопон шуданд.
XS
SM
MD
LG