Пайвандҳои дастрасӣ

Аз артиш - бо асобағал?


Бархе аз масъулин набудани кафолати таъмини амният барои сарбозони ҷавон дар сафҳои артиши миллии Тоҷикистонро сабаби аслии сарпечии даъватшавандагон аз хидмати низомӣ арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, сарбозони навдаъват дар ҷузъу томҳои низомӣ аз ҷониби сарбозони собиқадор ва гоҳе афсарон мавриди муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва лату кӯб қарор мегиранд ва ин омил онҳоро аз хидмати низомӣ дилсард месозад. Баҳодур Ҳомидов - сардори комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш дар ҳукумати Хуҷанд бар ин назар аст, ки дар шароити кунунӣ Қонунгузории Тоҷикистон дар ин маврид ислоҳ мехоҳад:

Дар соли 2005 се сарбози ҷавон аз шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи зарбу лати ҳамхизматони худ аз артиш бемору корношоям баргаштанд. Ин се нафар сиҳат ба хидмат рафта буданд, дар он ҷо зарбу лат хӯрда, бемор шуданд. Як нафар бо бемории рӯҳӣ баргашт, ду тани дигар бемори корношоям. Ин гуна ҳодисаҳо, албатта, ба рӯҳияи падару модарон таъсир мегузорад ва онҳо намехоҳанд фарзандашонро ба артиш фиристанд.

Соли гузашта аз вилояти Суғд беш аз 4 ҳазору 200 нафар ба хидмати сарбозӣ дар Артиши милии Тоҷикистон даъват шуда, ба қавле, нақшаи даъват иҷро шуд. Аммо аз ин теъдод 77 нафар ба сабаби бемориҳои мухталиф аз ҷузъу томҳои низомӣ бозпас ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд. Содиқ Бобоҷонов - сарвари шӯъбаи маъмуриву ҳуқуқии ҳукумати Суғд мегӯяд, ба ин ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ, ба истилоҳ «облава» аз сӯи кормандони комиссариатҳои низомӣ сабаб шудааст. Зеро кормандони комиссариатҳои низомӣ гоҳе ҷавонони беморро низ дар кӯчаву бозор дошта, бидуни ҳеҷ як ташхиси тиббӣ ба қисмҳои ҳарбӣ равон мекунанд Генерал Бобоҷонов меафзояд:

Як ҷавони исфарагиро, ки чаҳор намуд беморӣ дорад, дошта ба қисми ҳарбӣ фиристодаанд. Ин гуна сарбоз ба кӣ лозим? Баъзан 60 - 70 нафарро аз кӯча дошта, як - ду рӯз дар комиссариати ҳарбӣ нигоҳ медоранд, аммо 3 нафари онҳоро ба хидмат мефиристанд. Ин ҳодиса боиси пайдоиши ҳар гуна овозаву гапҳо дар бораи ҷалби маҷбурӣ мешавад.

Аммо як мусоҳиби сарироҳии Радиои Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, теъдоди ҷавонони хоҳишманд ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон кам нест, аммо чаро комиссариатҳои ҳарбӣ ба фарзандони афроди дорову нодор, соҳибмақому оддӣ ба як чашм назар намекунанд:

Ҳозир фақат бачаҳои оилаҳои камбизоат ба сафи артиш даъват мешаванд, аммо одамоне, ки пулу мол доранд, фарзандони худро аз хидмати ҳарбӣ озод мекунанд. Хидмати ҳарбӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як ҷавони Тоҷикистон бошад, бигзор фарзандони шоҳу гадо ҳама баробар хидмат кунанд.

Додситонии Суғд густариши ришвахорӣ дар миёни кормандони комиссариатҳои низомии вилоятро иллати ба тариқи интихобӣ ба хидмати низомӣ ҷалб шудани ҷавонон меҳисобад. Тавре ки додситони Суғд Абдуғаффор Қаландаров дар ҷаласаи ҳайъати мушовара изҳор дошт, дар муддати як соли ахир 9 корманди ин мақомот ва 2 корманди тиббӣ дар пайи гирифтани ришват барои аз хидмати низомӣ озод кардани даъватшавандагони сиҳат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааанд.
Вале Шарифҷон Азизов - муовини комиссари низомии Суғд, ноомодагӣ ва заъфи тарбияи ҳарбиву ватандӯстии ҷавононро як сабаби дигари аз хидмат дар артиши миллӣ канор ҷустани онҳо меҳисобад. Ӯ гуфт, шурӯъ аз ду сол қабл дар мактабҳои миёнаи кишвар соатҳои дарси ҳарбӣ барои мактабиён аз 68 соат то 34 дар як ҳафта поин бурда шудааст, ки ин ба омодагии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таъсири манфӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG