Пайвандҳои дастрасӣ

Оё ҳукми Хуршеда бознигарӣ мешавад?


Дирӯз Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфт, ӯ бовар дорад, ки куштори Хуршеда бар пояи адовати нажодӣ ба амал омадааст. Аз эҳтимол дур нест, ки рӯзи сешанбеи 4 апрел дархости бознигарии парванда дар Додгоҳи Олии Русия матраҳ шавад. Вакили мудофиаи оилаи Султоновҳо тасмим гирифтааст рӯзи сешанбе тақозои бознигарии парвандаро ба Додгоҳи Олии Русия пешниҳод кунад. Аз сӯи дигар, идораи додситонии Санкт-Петербург ҳам бар ин ақида аст, ки қотил будани Роман Казаков собит шудааст ва ӯ бояд ба ҳамин ҷурм ҷавоб диҳад. Ҳамчунин додситонӣ ба комилан бегуноҳ арзёбӣ шудани муттаҳами дигар мухолифат дорад. Намояндаи додситонӣ Светлана Ефименко гуфтааст, ки баъди гирифтани нусхаи ҳукм додситонӣ эътирози худро баён хоҳад кард.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Санкт-Петербург аз падари Хуршеда Юнус Султонов суол кардем, ки назари ӯ ҳукми додгоҳ чист?

Ман ба ин ҳукм розӣ нестам ва ман ҳеҷ кас ёрӣ надод.

Шумо аз кӣ кумак интизор будед?

Ман мехоҳам, ки ман ҳукумати Санкт Петербург ёрдам кунад. Ва баъд давлати Тоҷикистон.

Шумо талаб доред, ки ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад ё ягон кумаки дигарм марбут ба беҳбуди шароити зиндагиятон мехоҳед?

Ба ман гӯш кунед, илтимос, вай духтар рафт, тавба кардам, ман як духтарчаи дигар дорам, чаҳорсола, ба ман аққалан ёрӣ кунанд барои ин духтарам, ман дигар ҳеҷ чӣ намехоҳам...

Ба шумо барои сабти ном дар Русия кумак карданд ё шумо шаҳрвандии Русия гирифтед? Вазъатон дар маҷмӯъ чӣ гуна аст?

Ягон кас ягон хел кумак накардааст. Чун пештара милиса бозмедорад, 500 рубл - 1000 рубл ҷарима мекунад. Бояд сабти нома инҳо худашон кунанд, аммо ҳеҷ чӣ ёрдам накарданд. Давлати Русия ҳеҷ кор накард. Бояд "прописка" кунанд, вале ҳозир на сабти ном дорам на қайд дар гузарнома.

Фардо дар Додгоҳи мунсифа баррасии парванда доир мешавад. Шумо дар он ширкат хоҳед кард?

Агар даъват кунанд, меравам. Шумо ҳам агар тавонед биёед. Ҳоло ба ман пуштибонӣ зарур аст.

Дар нишасти хабарӣ дар Маскав афроди шинохтаи Русия ширкат доштанд. Оё онҳо ба шумо кумаки равонӣ, молӣ ё ҳуқуқӣ карданд?

Онҳо аз ман пуштибонӣ карданду халос. Муфтии Руссия ваъда кардааст, ки фардо ба Санкт Петербург меравад. Аммо дирӯз як намоиши телевизиониро тамошо кардам, аз суханони Жириновский хело зиқ шудам

Чӣ гуфт Жириновский?

Гуфт, ки "убили и будем убиватъ "черных..." ("сияҳҳо"-ро куштем ва хоҳем кушт...)
XS
SM
MD
LG