Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи тамринҳои низомӣ дар Лоҳур


Дар размоишгоҳи Лоҳур тамринҳои низомии токтикии муштараки Вазорати дифоъи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии Русия шурӯъ шуд, ки нахустин размоиш дар қаламрави Тоҷикистон бо ҷалби теъдоди бузурги низомиён дар соли равон аст. Тамринҳоро фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, Александр Завизйон раҳбарӣ мекунад. Ёвари ӯ Павел Конев гуфтааст, ҳадафи тамринот - дар баробари боло бурдани малакаи низомиён, ҳамчунин таҳияи шакли ягонаи гузаронидани тамринҳои низомии токтикӣ мебошад. Бино ба гуфтаи Павел Конев, дар ин размоиш, ки то панҷуми апрел идома мекунад, беш аз 800 низомии Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд ва дар он танкҳо, тӯпхона, ҳавопаймову чархболҳои низомӣ истифода мешавад. Дар тамринҳо барои нахустин бор донишҷӯёни донишкадаи низомии Тоҷикистон ширкат доранд.
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон марҳалаи ниҳоии тамринҳоро наззора кунанд.
XS
SM
MD
LG